Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • ба таъминоти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либосҳои махсус вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мутобиқи талаботи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

  • ба даст кашидан аз иҷрои кор ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияте, ки ба ҳаёт ё саломатӣ таҳдид мекунад, бо хабар додан ба роҳбари бевосита ё намояндаи корфармо;

  • ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ҳангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобиқат надоштан ба талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

  • ба муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи гузаронидани санҷиши шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор, инчунин ба иштирок дар ҳайати намояндагӣ дар санҷиш ва баррасии масъалаҳои ба беҳдошти шароитҳо, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат алоқаманд;

  • ба шикоят аз рӯи амали (беамалии) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ;

  • ба пардохти музди меҳнат мувофиқи тахассус, мураккабии меҳнат, ҳаҷм ва сифати кори иҷрошуда, инчунин шароити меҳнат;

  • ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклҳои пешбининамудаи КМ ҶТ, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

  • ба ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, аз ҷумла ба корпартой бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

пешина
аз 496
навбатӣ