Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • ба корманд бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати санҷишӣ муқаррар намояд;

  • ба рӯёнидани хароҷотҳои худ ҳангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартҳои шартномаи таҳсил;

  • дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Корфармо ҳамчунин уҳдадор аст (қисми 2 моддаи 19 КМ ҶТ):

  • талаботи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМ ҶТ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)-ро риоя намояд;

  • ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бандад;

  • талаботи муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва санитаю гигиениро дар ҷойи кор таъмин намояд;

  • ба корманд кореро, ки шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудааст, пешниҳод намояд;

  • сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи

пешина
аз 496
навбатӣ