Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Абрӯ зи мо натоб, ки мо дилшикастаем,
Хокистарему бар рӯҳи оташ нишастаем.
Коре накардаему касеро накуштаем,
Бад кардаему ошиқи рӯи ту гаштаем.
Ошиқ нохост амалӣ шудани орзуяро пай бурда, ба ваҷд меояд ва замзама мекунад:
Омад, омадат гардам,
Қаду қоматат гардам.
Ой ту ҷонони ман бошӣ,
Аз назокатат гардам.
Маъшуқа омадааст. Байни ӯву ошиқ гуфтугӯе шурӯъ мешавад:
Омадам ба меҳмонӣ,
Шиштам лаби айвоне.
Як бӯса талаб кардам,
Гуфто, ки: ту медонӣ».
Дар охир ошиқ аз маъшуқаи бепарво изҳори гила мекунад:
Боз мепурсӣ, ки рангат зард мебошад, чаро?
Ҳоли ман медонию худро ба нодонӣ задӣ.
Ба туфайли ин хел таҳрикае, ки дар кайфияти қаҳрамони лирикӣ аз як банди суруд то банди дигараш бо суръати тамоми ҷараён мекунад, манзараи дигаргун шудаистода, ки аз рафти сухан дар лавҳаи тасаввур ҷилва мекунад, эҳсосоти латифи инсонӣ хеле таъсирнок ва ҳаяҷонангез ифода мегардад.
Бисёр сурудҳои шодӣ бо рақс иҷро мешаванд. Дар як қатор маҳалҳои тоҷикнишин сурудҳои «Эй ҷони ман, ҷонони ман», «Аз ман чаро ранҷидай», «Бар ҷонам занад», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Сокина», «Фармоед» ва ғайраҳо машҳуртарин ва маъруфтарин сурудҳои рақсӣ ба шумор мерафтанд.
Дар бисёр маҳалҳо сурудҳое маъмуланд, ки дар маъракаҳои хурсандӣ, дар базму зиёфатҳо, тӯю сур, гаштак ва гапхӯриҳо аз тарафи дастаи ҳофизон ва ё аҳли маърака иҷро мешаванд. Як миқдори ин сурудҳо, мисли «Муғулдухтар», «Боғи латифа», «Ту садбарги кадом боғӣ» ва ғайра дар аксарияти маҳалҳо маъмул ва машҳуранд. Ин қабил сурудҳо, дар зимни рубоӣ, ашӯла ва байтҳои бисёри халқӣ, ҳаминро ба хубӣ нишон медиҳанд, ки зиндагии басо душвор дар шароити машаққатовари ҷамъияти синфӣ рӯҳи солим аз ҳаётдӯстии аҳли меҳнатро барҳам дода натавонистааст ва мардуми меҳнаткаш қобилияти бо дилхушӣ ва орзую ниятҳои фарахбахш зиндагӣ карданро гум накардааст.
Сурудҳои ҳаҷвӣ. Як қисми сурудҳо мазмунан хандаоваранд. Барои ин гуна хусусият пайдо кардани онҳо чизе ё ҳодисае мавзӯи тасвир қарор гирифтааст, ки моҳиятан қобили ҳазлу шӯхӣ ва ҳаҷву тамасхур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё