Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

ва модару зани ӯ ва ҳам табибу мулло тавлид мешавад. Табиб ба заҳри каждум пашшаи модаро даво медонад:

Э холан Давлатбӣ,
Тура меган табибӣ,
Луч ку, ҷоҷакша бубӣ.
Бибичунам, бубине!

Давлатбибин содда,
Фармидай пашшай мода.
Сур кунед деволода,
Бибичунам, бубине!

Дуохон ҳам нодон будани худро ифшо мекунад:

Мулло Қурбони суна,
Афсуна намедуна.
Риши пупат намуна!
Бибичунам, бубине!

Сурудҳои шодӣ шавку ғайрат, зиндадилӣ ва мароқи зӯри мардумро ба ҳазлу шӯхӣ нишон дода, собит мекунанд, ки мардум дар ногувортарин ҳодисаҳои зиндагӣ низ лаҳзаҳои хушро меҷустанд ва ноумед намешуданд.

Аз мундариҷаи ин гурӯҳ сурудҳо одатан муайян кардан душвор аст, ки онҳо дар кадом муҳит, дар байни кадом табақаи аҳолӣ, маҳз дар кадом маҳал ба миён омадаанд. Аз рӯи кор, қисман дар деҳот ва қисман дар шаҳрҳо дар байни ҳунармандон ва косибон эҷод шуда, мувофиқи қонуни паҳншавӣ ва такмилу тағйиръёбӣ дар эҷодиёти халқ вариантҳо, аз ҷумла, нусхаҳои суфтаю рехтае пайдо кардаанд. Бинобар ин аз рӯи онҳо дар хусуси тарзи зиндагии мардуми ин ва ё он маҳал сухан рондан бенатиҷа хоҳад буд.

Шавқи дили ошиқони хушбахт, хуррамиҳои зиндагӣ, зебоиҳои табиат ва орзуҳои одамони зиндадил муҳимтарин мавзӯъҳои сурудҳои шодӣ қарор гирифтаанд. Суруде, ки бо номи «Ғазали Дарвозӣ» маъмул аст, орзуи ҷавонеро ифода мекунад. Дар бораи духтари шӯх орзу кардани ӯ оҳанги шодиомези сурудро қувват медиҳад. Ӯ дидори духтареро орзу мекунад, ки дорои ҳусни расо ва шӯху ғазалхон бошад:

Духтар бошад қадбаланд,
Бушина дар сари санг,
Нохун куна симу чанг,
Ғайри диғаш навоме.

Духтар-духтари Дарвоз,
На пастакай на дароз.
Чӯнта садқаш бисоз,
Ғайри диғаш навоме...

Орзуи ширин ва бо завқу рӯҳбаландӣ ифода шудани ин орзу ба яке аз машҳуртарин сурудҳои халқии тоҷикӣ «Хуш он замон» хос аст. Ин суруд бо изҳори орзу шурӯъ мешавад:

Хуш он замон, ки ба саҳни чаман ту бошию ман,
Миёни ғунча ба як пирахан ту бошию ман.
Ба шарти он, ки набошад миёни мо ағёр,
Пиёла бошаду май бошаду ту бошию ман.

пешина
аз 295
навбатӣ