Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
СУРУДҲО
Суруд яке аз намудҳои қадимии санъати бадеии халқ буда, бо як қатор хусусиятҳои худ аз рубоӣ, байт ва ашӯла барин навъҳои миниатюрии назм фарқ мекунад. Бисёр сурудҳо аз ҷиҳати ҳаҷм нисбатан калон, шаклан гуногун ва аз ҷиҳати сохт нисбат ба жанрҳои мазкур мураккабтаранд. Сурудҳо аз 4—10 то ба 30—40 мисраъ мерасанд. Баъзе сурудҳо дорои сюжети мукаммал буда, ба достонҳои хурди лирикӣ шабоҳат доранд.
Сурудҳои халқӣ бо таъсири пуркуввати адабиёти китобӣ инкишоф ёфта, вазифаи дилхушу андармон кардани мардум, хурсандӣ бахшидан ба одамон, ба ҷӯшу хурӯш овардани онҳоро ба зимма гирифта омадаанд.
Вале фарқи суруд аз дигар жанрҳои лирикӣ фақат дар ин ифода намеёбад. Суруд мундариҷа, услуб ва санъатҳои бадеии хос дорад ва дар ҳаёти маънавии мардум вазифаи як андоза аз байту рубоию ашӯла фарқкунандаро адо мекунад ва дар тарзи иҷрои он низ ҷиҳатҳои махсус мушоҳида мешавад. Сурудҳоро аз рӯи мундариҷаашон ба чор гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: сурудҳои шодӣ, сурудҳои ҳаҷвӣ, сурудҳои ғамангез ва сурудҳои таърихӣ.
Сурудҳои шодӣ. Чи дар вақтҳои базму зиёфат, тӯю сур ва гапхӯрию гаштакҳо ва чи дар маъракаҳои мавсимӣ сурудҳое иҷро мешаванд, ки бо мазмуни хурсандибахш ва оҳанги шӯху шавқангези худ ба иҷрокунандагон ва шунавандагон завқу фараҳ мебахшанд. Оҳанги шӯху шӯрангези бисёр сурудҳо шунавандаро ба рақс моил менамояд.
Дар бисёр сурудҳо ягон воқеаи муҳими зиндагӣ нақл мешавад ва муносабати шахс ба ин ҳодиса инъикос мегардад. Баъзан ҳодисаи тасвиршуда фоҷиаангез аст, вале муносабати шахс ба он ҳодиса ҳазломез буда, ба тавассути ин оҳанги шӯх ба худ мегирад. Чунончи, дар суруди машҳури «Газидам» ҳодисаи ногуворе тасвир шуда бошад ҳам, ин тасвир аз рӯи ҳазлу шӯхӣ сурат гирифтааст. Шахсеро дар саҳро каждум мегазад. Ӯ бо суханони хандаовар ба сӯи хона раҳ пеш гирифтани худро нақл мекунад:
Зорӣ гуфтам нагазад,
Зоре, яке газидам!
Ҷоша маҳкам қапидам.
Бибичунам, бубине!
Чангак-чангак давидам,
Бехи ғанак ғалтидам,
Пайша кофтам, наёфтам,
Бибичунам, бубине.
Аҳволи он шахс, муносабати ӯ дар ин аҳвол ба хешу табор ва ба муолиҷакунандагон дар суруд хандаовар баён шудааст. Ҳазл аз баёни соддадилӣ ва ҳатто соддалавҳии ҳам шахси зарардида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё