Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Сурудҳои ҳаҷвӣ, аз рӯи кор, дар давраҳои қадим ҳамчун бадеҳаҳои халқӣ ҳангоми рақс иҷро карда мешуданд ва иҷрокунандагони онҳо масхарабозони халқӣ будаанд. Бо мурури замон онҳо ба репертуари бисёр ҳофизон ва сарояндагони халқӣ дохил шуда, хусусияти аслии худро тағйир додаанд.
Сурудҳои ҳаҷвӣ барои вақтхушкунии мардум, фаромӯш намудани ғаму ғурбати рӯзгор, фароғат ва дамгирӣ воситаҳои муҳим ба шумор мераванд. Қисме шавки рақс, қисми дигар шавки ҳазлу шухиро ба амал меоваранд ва дар ҳар сурат шунавандагонро дилхуш ва фарахманд мекунанд. Зимнан бояд қайд кард, ки ин гурӯҳ сурудҳо мазмунан бо ҳаёти иҷтимоӣ алоқаи зич дошта, пеш аз ҳама, муносибатҳои ҷамъиятиро акс намудаанд.
Дар суруди машҳури «Нимча ресмон», ки мавзӯаш моҷарои зану шавҳар аст, орзуи ба амал набарояндаи зани камбағал тасвир ёфтааст. Орзуи зан, ки аз ҳадди оддитарин чизҳои зарурии рӯзгор берун намеравад, дар шароити гузашта ба назар аз ҳад зиёд намуда, моҳияти ҳаҷвӣ пайдо кардааст. Зан ба шавқараш нимча ресмон дода, хоҳиши худро изҳор мекунад:
Гуфт бо мард, ки: «Дор дар сар хуш,
Ресмонро ба нархи хуб бифрӯш.
Аввало, гир се либоси чит,
Дуюмин гир наботу ҳам қанфит,
Косаю кӯзаю табак ҳам гир,
Набарорӣ зи хотират қафгир.
Сабадҷӯбу қаламфуру ишқёр,
Кун хариду зи хотират набарор.
Мӯҳраю гӯшвору чала ҳам бихар».
Ба ивази нимча ресмон талаб кардани ин қадар чиз боиси моҷарои хандаоваре мегардад. Кор бо афту дарафт анҷомида, дар ин миён ҳам нимча ресмон барбод мераваду ҳам орзуҳои зани бечора:
Ресмор бар даруни лой афтод,
Рафт он мояи «калон» барбод.
Зани камбағал хислатҳои муқаррарии инсониро зоҳир намуда, хостааст, ки чун одами муқаррарӣ зисту зиндагии мӯътадил дошта бошад. Аз ин рӯ, дар суруд на хислати ӯ, балки вазъияте, ки режими асоратвори муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён овардааст, мавзӯи ҳаҷв қарор гирифтааст.
Ин тарзи шеъргӯй ба назми халқ хос буда, яке аз омилҳои дилчасп ва дар ҳақиқат хандаовар шудани сурудҳои халқӣ гардидааст.
Чунончи, мавзӯи яке аз ғазалҳои ҳазломези халқӣ, ки бо мисраи «Дар кӯҳистон як гули бехор мехоҳад дилам» шурӯъ мегардад, майлу хоҳиши як нафар марди камбағал аст. Таъкиди тафовути калоне, ки байни орзуи ӯ ба имконияти реалӣ вуҷуд дорад, ҳолати ғайримуқаррарӣ ва аз ин рӯ, вазъияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё