Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

инсон оид ба муҳит вобаста аст, яъне ҳамин ки инсон ҳар ҳодиса ва ҳар предмети иҳотакардаи худро ба тарзи образҳои бадеӣ тасаввур мекардагӣ мешавад, вай олами нави бадеиро кашф карда, ба ҳамин восита аз ҳаёт пурраю васеътар баҳра мебурдагӣ мешавад.

Таърихи сабти чистон танҳо аз асри Х, аз эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ба мо маълум аст. Аз Рӯдакӣ ба мо ду чистон боқӣ мондааст, ки яке дар бораи найқалам ва дигаре дар бораи ревоҷ мебошад. Аммо минбаъд шоирони замонҳои гузашта чистонҳои зиёде эҷод карда, ин жанрро хеле инкишоф додаанд.

Дар замони советӣ ҳам чистонҳои зиёде эҷод шудаанд, ки муаллифи як қисми онҳо шоиру нависандагони муосири тоҷик мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳамон навъ чистонҳои китобӣ аз даҳон ба даҳон гузашта, ба хазинаи эҷодиёти халқ дохил шудаанд, ки онҳо мазмунан содда ва аз ҷиҳати санъат хеле ҷолиби диққат мебошанд. Дар баробари ин ба сабаби дар ҳаёти мардум мавқеи худро гум кардани чархи ресмонресӣ, ҳаллоҷӣ, ароба, омоч, сандалӣ, чароғи сиёҳ, лӯкидон, чувоз, обҷувоз, чашмбанд, кафши чӯбин, хум ва ғайра барин предметҳо баъзе чистонҳо аз истеъмол баромада истодаанд ва ба ҷои онҳо предметҳои нав, монанди: компас, радио, телефон, портфель, китоб, газета ва ғайра дохил гардидаанд.

Мавқеи чистон дар ҳаёти халқ. Чистон ҳам монанди суруд, афсона ва дигар жанрҳои фолклорӣ ба одамон завқи бадеӣ бахшида омадааст. Дар замони то Революсияи Кабири Социалистии Октябр дар байни деҳқонон ва косибону ҳунармандон чистонгӯӣ аз машғулиятҳои дӯстдоштае ҳисоб мешуд ва ин машғулият бештар дар вақтҳои истироҳату дамгирӣ ба вуқӯъ меомад. Чистонгӯию чистонёбӣ хусусан дар шабҳои дарози зимистон, дар ҳашарҳо ва дар ҷамъомаду маҳракаҳое, ки ба ягон муносибат барпо мегардид, ба амал меомад. Дар як қатор маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Кӯлоб, чистонгӯӣ дар шабҳои «зочабонӣ» дар байни занону бачагоне, ки кӯдаки навзод ва модари ӯро нигоҳубин мекарданд, хеле авҷ мегирифт. Дар ин маврид чистон яқинан вазифаи қадимии худро иҷро менамуд. Одамон дар давраҳои ибтидоӣ бо забони пур аз кинояву истиора байни худ гуфтугӯ карда, кӯшиш менамуданд, ки аз қувваҳои фавқуттабиӣ мафҳуми ҳодисаҳои ҳаёти худро нигоҳ дошта, ба ҳамин роҳ оромӣ ва осудагии худ ва авлоди худро таъмин намоянд. Пайдоиши чистон, ки дар он фикр аксаран бо кинояву маҷозу истиора ифода мегардад, низ ба ҳамин ҳодиса алоқаманд аст¹. Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки чистонгӯӣ, яъне бо забони маҷозу киноя сӯҳбат кардан

¹ Дар ин бора ниг.: В. П. Аникин, Русские народные пословицы, поговорки, загадки и детский фольклор, М., 1957, стр. 56—57.

пешина
аз 295
навбатӣ