Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дута кашол шуд» (зин ва узангу); «Он чист дар биёбон маскан дорад, сесад суруку даҳ гардан дорад?» (соя).
Қисман вазъият ва мавқеи предмет мавзӯи чистонҳоро муайян мекунад: «Саро сари ёла, думбаш кашола», (сӯзану ресмон); «Лаб-лаби чарак, химҷаҳои тарак» (мижгон); «Оҷааш дав-давон, бачааш чапакзанон» (сафедор ва шоҳу барги он).
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҳар як гурӯҳи чистонҳои зикрёфта ҳамеша фақат як хусусияти муайяни ҳодиса ва ё чизе (яъне ё шаклу сифат ё мақому вазъият ва ё вазифаю миқдор) тасвир нашуда, бисёр вақт ин хусусиятҳо дар як чистон якҷоя ба ҳам омехта зуҳур мекунанд. Чунончӣ, барои нишон додани хусусияти чистонҳое, ки ба тавассути акс кунонидани садоҳо ба миён омадаанд, дар боло се намуна оварда шуданд. Дар чистони аввал ба ҷуз акси садо (шап-шап) миқдори садо (як шап) ҳам қайд шуда, хусусияти асосии предмети пинҳонкардашуда (дар)-ро таъин кардааст. Дар чистони дуюм садо (қурт-қурт) бо сифат (сахтию вазнинӣ) ва вазифаи предмет (буридан) якҷоя зикр гардидааст. Чистони сеюм бошад, ба воситаи таъкид шудани мутобиқати ранг (ялаққӣ) ва садо (тараққӣ) бунёд ёфтааст.
Умуман зикр кардани мутобиқати сифату хусусияти як чиз (ва ё ҳодиса) бо чиз ва ҳодисаҳои дигар маъмултарин ва қадимтарин усулҳои эҷод намудани чистон ба шумор меравад.
Таърихи пайдоиши чистон. Таърихи пайдоиши чистонҳо бо таърихи пайдоиши предмети чистоншаванда алоқаманд аст. Масалан, чистонҳо дар бораи осмон, офтоб, моҳ, абр, об, ях, барф, шамол, соя ва ҳоказоро агар аз нуқтаи назари пайдоиши предметҳои мазкур гирем, бояд аз ҳама қадимтар бошанд. Аммо нисбатан хеле дер пайдо шудани онҳоро низ эътироф накарда наметавонем. Маълум аст, ки чистонҳо дар бораи пиёз, шалғам, лаблабу, сабзӣ, нахӯд, лӯбиё, ҷуворӣ ва ғайра дар баробари пайдоиш ва инкишофи зироат ва машғулияти деҳқонӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар айни замон бояд қайд кард, ки баъзе аз намудҳои сабзавот (монанди картошка, помидор, шалғам, карам ва ғайра) дар ҳаёти деҳқонии тоҷикон хеле дер пайдо шудаанд ва таърихи истеъмоли онҳо низ чандон дуру дароз намебошад.
Ҳамон хел таърихи пайдоиши чистонҳои оид ба самовор, калуш, гӯгирд, керосинчароғ, чароғи электрик, китоб, глобус, портфел, радио, телефон, самолёт, поезд, трактор ва ғайра бо таърихи пайдоиши ин предметҳо алоқаи бевосита дорад.
Чистонҳо ҳастанд, ки агар танҳо аз рӯи предметҳои чистоншаванда назар афканем, таърихи хеле қадимӣ доранд. Масалан, чистонҳо дар бораи кӯза, ҷувоз, ҷорӯб, тарозу, кафш, асо, ҳаммом, табар, каланд, қамчин, омоҷ, арра, найкалам, ароба ва монанди инҳо дар давраи таърихии гуногуни инкишофи ҷамъияти инсонӣ эҷод карда шудаанд.
Албатта, пайдоиши чистон, пеш аз ҳама, ба инкишофи тасаввуроти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё