Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дар шабҳои «зочабонӣ» мақсади аз қувваҳои зарарнок эмин нигоҳ доштани кӯдаки навтаваллудударо дар замир дорад1.
Чистонро алалхусус бачагон ва ҷавонон хеле дӯст медоштанд ва ба шурӯъ шудани машғулияти чистонгӯӣ асосан онҳо ташаббус нишон медоданд. Дар ҷустуҷӯи ҷавоби чистон ҳам бачагону ҷавонон ва ҳам калонсолон иштирок мекарданд. Касе, ки ҷавоби чистонро зуд меёфт, гӯяндаи чистон ӯро таъриф карда мегуфт: «қандатро зан», «офарин ба ту», «ба падарат раҳмат», «баракалло, ёфтӣ», «кам нашав» ва монанди инҳо. Дигарон ба ин таъриф сазовор будани ёбандаи чистонро бо сарҷунбонӣ ва балегӯӣ тасдиқ менамуданд. Агар чистон душвор бошад, ҳозирон ба фикр ғӯта мехӯрданд ва баъд ноилоҷ аз гӯяндаи чистон нишонаҳои чизи пинҳоншударо ба тариқи савол мепурсиданд. Саволҳо, одатан, ин хел мешуданд: «Ҳалол аст ё ҳаром?», «Сахт аст ё мулоим?», «Ҷондор аст ё беҷон?», «Ҳаракат мекунад ё намекунад?», «Дар куҷоҳо мешавад?» ва ғайра.
Баъди ба саволҳояш ҷавоб гирифтан ёбандаи чистон кӯшиш мекунад, ки дар доираи он ҷавобҳо предмети пинҳоншударо фикр карда ёбад. Агар бо вуҷуди ин ҳозирон ҷавоби чистонро гуфта натавонанд, он гоҳ ба гӯянда ҳадъя карданд деҳот ё шаҳр ва ё мамлакати худро ваъда дода, илтимос мекарданд, ки худи ӯ ба чистон ҷавоб гӯяд. Гӯянда то даме, ки ваъдаи ҳадъяҳоро нашунавад, ҳозиронро сарзаниш карда, онҳоро ба нодонӣ ва кундзеҳнӣ айбдор менамуд. Пас аз қаноат ҳосил кардан ба ҳадъяҳои ваъдашуда, вай ҷавоби чистонро маълум мекард ва ҳамоно чистони дигар мегуфт. Амро агар ҷавоби чистони ӯро касе ёбад, навбати чистонгӯӣ ба ҳамон кас дода мешавад.
Ҳамин навъ, чистонгӯию чистонъёбӣ муддати дароз давом карда, ба як машғулияти ҳазломезу шавқангез, ки дар он қобилият ва ақлу дониши иштироккунандагон зоҳир мегардид, табдил меёфт. Зоҳиран бисёр чистонҳои нав дар давоми ҳамин машғулият эҷод карда мешаванд.
Ҳоло чистон мисли пештара мавқеи васеъ ва устувор надорад. Барои чистонгӯию чистонъёбӣ ҳам чандон эҳтиёҷ намондааст. Акнун, ки одамон босавод шудаанд, чистонҳоро аз китобҳо хонда ҷавобҳои онҳоро низ ёфта метавонанд. Илова бар ин машғулияти гуногуни, ки имрӯз ҷавонон ва умуман одамони мо доранд, низ доираи машғулияти чистонгӯиро хеле маҳдуд кардаанд.
Хусусиятҳои бадеии чистон. Чистон аз ҷиҳати шакл ва мазмун содда ва мураккаб мешавад. Кӯтоҳбаёнӣ хусусияти асосии услуби чистон аст. Дар чистон тасвир ва нақл бештар мавқеъ дорад.
Чистонҳои содда аз чанд калимаи саволомез иборат буда, бо як-ду сифати предмет сохта мешаванд: «Аз саг паст, аз асп
1 Дар бораи ин мавриди чистонгӯию чистонъёбӣ ниг.; А. Суфиев. Чистонҳои халқии тоҷикӣ, Душанбе, 1972, саҳ. 11.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё