Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

доимӣ қарор гирифтааст. Бинобар ин ин мавзӯъҳо на танҳо дар эҷодиёти даҳонакии халқ, балки дар адабиёти бои китобии он ҳам ба таври васеъ инъикос ёфтаанд. Қариб ҳамаи шоирони адабиёти классикии тоҷик ба ин мавзӯъҳо махсус дахл кардаанд, ки мисраъҳои зерин ин фикрро тасдиқ мекунанд:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
(Низокӣ)

Ҳеҷ ганче беҳ аз ҳунар нест.
(Кайковус)

Гар ҳунаре дорию ҳафтод айб,
Дӯст набинад ба ҷуз он як ҳунар.
(Саъдӣ)

Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
(Ҷомӣ)

Қимати мард на бо симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
(Бедил)

Ҷамоли мардумӣ дар хилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
(Носири Хусрав)

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
(Ҷомӣ)

Ҳамин ақида ва ҳамин нормаи ахлоқии зиндагӣ дар эҷодиёти халқ, аз ҷумла, дар зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ низ инъикос шуда, конкрет, ҳаётӣ ва соддаю мафҳум баён гардидааст. Чунончӣ: «Ҳунар аз дониш, дониш аз хониш»; «Илму ҳунар барзагарӣ, дигар ҳама — ҳилагарӣ»; «Боҳунар тоҷи сар аст, бехунар думи хар аст»; «Ангушти косиб калиди рӯзист»; «Марди боҳунар хор нашавад, ба дӯсту душман зор нашавад»; «Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ»; «Зинати шахс илму ҳунар аст, илму ҳунар ҳусни дигар аст».

Чӣ дар суханони пурҳикмати классикони адабиёти тоҷик ва чӣ дар зарбулмасалу мақолҳои халқӣ идеали олии инсондӯстӣ, халқпарварӣ, меҳнат, ҳунар ва илму донишро парастидан анъанаи дерин аст.

Дар мавзӯъҳои гражданӣ низ як миқдор зарбулмасалу мақолҳо эҷод шудаанд, ки дар онҳо ғояҳои ватандӯстӣ, халқпарварӣ,

пешина
аз 295
навбатӣ