Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҳар бор»; «Мулло шудан чӣ осон, одам шудан чӣ мушкил»; «Одами бекор — дарахти бебор»; «Харҷи мумсик дучанд»; «Аз мард боғу роғ, аз номард — дарду доғ»; «Аз сад марди лофзан беҳ кори як зан»; «Аз дилозор ҳама безор»; «Ба доно ишорат, ба нодон калтак»; «Ҷони нодон дар азоб»; «Дурӯғгӯю хазлпеша, бизанад ба пои худ теша»; «Аз мору каҷдум натарсу аз одами дурӯя тарс»; «Буздилро хатар ёр аст»; «Ҳасуд ҳаргиз наёсуд»; «Мағрур аз ҷамоат дур»; «Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст»; «Дар хӯрдан чу наҳанг, дар кор чу хари ланг»; «Охири мастӣ сарпастӣ»; «Даҳони калон — каҳдони вайрон»; «Суханчин шарики шайтон асту душмани инсон» ва ҳоказо.

Гурӯҳи дуюми зарбулмасалу мақолҳо, ки мазмунан аз панду ҳикмат иборатанд, аз ҷиҳати мавзӯъ хеле васеъ буда, қариб ҳамаи масъалаҳои зиндагию амалиёти инсонро дарбар мегиранд. Дар ҳар кадоми ин мавзӯъҳо нуқтаи назари фалсафӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, иҷтимоӣ ва дидактикии халқ инъикос ёфтааст.

Мавзӯи меҳнат дар зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ ба таври васеъ муҳокима шудааст. Роҳ, аҳамият, моҳият ва мавқеи меҳнат дар ҳаёти одамӣ, дар натиҷаи меҳнат сазовори иззату эҳтиром гардидани инсон аз масъалаҳое мебошанд, ки дар зарбулмасал ва мақолҳои зерин ҳамчун идеалҳои олии халқи меҳнаткаш ифода ёфтаанд: «Ранҷи мо — ганҷи мо»; «Дасти худро гул бисозу миннати нокас макаш»; «То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад»; «Номи баланди пуршараф аз кор меояд ба кас»; «Меҳнату роҳат»; «Аз бекор ҳама безор» ва монанди инҳо.

Дар ин хулосаҳои халқ фалсафаи ҳаёти одамони меҳнатӣ ва ахлоқи зиндагии онҳо ҳамчун қонуни фаъолияту амалиёташон ифода гардида, аз авлод ба авлод мерос мондааст. Ҳарчанд аз дигаргун шудани ҳаёти ҷамъиятӣ қонун, назария, мафҳуми норма ва шаклу мундариҷаи меҳнат низ тағйир меёбанд, бештари зарбулмасалу мақолҳои халқии дар бораи меҳнат гуфташуда моҳияти ғоявии худро пурра нигоҳ медоранд. Масалан, Революцияи Кабири Социалистии Октябрь сохти нави ҷамъияти социалистиро ба вуҷуд овард, ки дар ин ҷамъияти нав меҳнат озод гардид, истисмори меҳнат тамоман барҳам дода шуд, меҳнат ба шарафу роҳати зиндагии инсон мубаддал гашт. Бинобар ин бисёр зарбулмасалҳо мазмунан ба замони мо мутобиқ шудаанд ва дар репертуари имрӯзаи мо мавқеъ пайдо кардаанд.
Дар баробари ин аз қабили мисолҳои зерин зарбулмасалу мақолҳои нав низ пайдо шудаанд, ки мавзӯи меҳнатро пурраю васеъ менамоянд: «Қавли большевик аз кораш фарқ намекунад», «Сифати кор — ҳосили бисёр»; «Ба пешравии кор танқид даркор»; «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» ва монанди инҳо.

Мавзӯъҳои ҳунаромӯзӣ, аз худ кардани илму дониш дар байни халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим мавриди муҳокимаи

пешина
аз 295
навбатӣ