Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

зарбулмасалу мақолҳо, ки хусусияти танқидӣ ва ҳаҷвӣ доранд, гурӯҳи дуюм — зарбулмасалу мақолҳо, ки мазмунашон аз панду ҳикмат иборат мебошад. Зарбулмасалҳои гурӯҳи дуюм миқдоран зиёданд ва доираи мавзӯи онҳо низ хеле васеъ аст.

Дар зарбулмасал ва мақолҳои гурӯҳи якум танқид ва ҳаҷв бештар ба фош кардани хислатҳои зишти намояндагони синфҳои доро нигаронида шудааст, ки дар ин бора мисолҳои зерин хеле характерноканд: «Ишками бой амбори худост» («Ишками бой нағораи худост»); «Ишкамсерро чӣ парвои ишкамгурусна»; «Ишкамсери чашмгушна — бои ба хун ташна»; «Чашми танги дунёдорро хоки гӯр пур мекунад»; «Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар ба масал: шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад». Дар ҳаҷву танқиди рӯҳониён зарбулмасалу мақолҳои бисёре эҷод шудаанд. Дар онҳо, пеш аз ҳама, муфтхӯрӣ, чашмгуруснагӣ ва хасисӣ барин хислатҳои нафратовари онҳо бо истеҳзо ҳаҷв карда мешаванд. Чунончӣ: «Дар ҷое, ки ош аст, мулло-имом фаррош аст»; «Пои мору шири мурғу нони муллоро кас надид»; «Мулло-ҷорӯби дастурхон» ва ғайра. Мансабдорони дини ислом бо ноинсофӣ, беадолатӣ ва авомфиребии худ ҳадафи ҳаҷву масхараи мардум қарор гирифтаанд, ки зарбулмасалҳои зер далели равшани ин иддаоанд: «Башорати шайх — хирмани касофат»; «Баҳзор шуду бузӣ мо ҷуфтӣ нашуд, хари мо пир шуду муфтӣ нашуд»; «Зоҳир аз шайху ботин аз шайтон»; «Ҳиллагарӣ нодонӣ, қозигарӣ чӣ донӣ»; «Моли мурда ба қози ҳалолу ба сағир не, сағира мегиръяду қози мебарад»; «Таърифи чанд мурид ҳардуздро эшон кунад»; «Ҳоҷӣ, ки аз ҳаҷ гашт, мор буду андар гашт» ва ғайра.

Дар зарбулмасалу мақолҳо на танҳо шахсияти мансабдорони дин ва хислату кирдори онҳо тамасхур карда шудаанд, балки чунон ки мисолҳои зайл собит менамоянд, бо истеҳзо муҳокима карда шудани худи шариати ислом ва қоидаю қонунҳои он, нисбат ба дин ва диндорӣ муносибати беэътиноёнаи писханддомез доштани оммаи халқ низ ба мушоҳида мерасад: «Ба шариат шарм нест, ҳиллаю макр кам нест»; «На хамири худою на нони пайғамбар»; «Ба умеди худо нашаву баттаро дор»; «Кор бо иншоолло буд намешавад»; «Некии худою пайғамбар ба банда раҳрав нашудааст», «Гушна рӯза медорад, бекор намоз мехонад»; «Каъба чӣ меравӣ, дилро даръёб, беҳтар зи ҳазор каъба бувад як дил».

Бисёр зарбулмасалу мақолҳо низ ҳастанд, ки дар онҳо нодонӣ, худписандӣ, танбалӣ, сергапӣ, чашмгуруснагӣ, дурӯягӣ, дурӯғгӯй, буздилӣ, мағрурӣ, бадмастӣ, суханчинӣ ва инҳо барин умуман камбудию нуқсонҳои одамӣ танқид карда мешаванд. Ин гуна зарбулмасалу мақолҳо бештар характери юмористӣ доранд ва маҳз барои ислоҳ кардани камбудию норасоиҳои зикргардида равона карда шудаанд: «Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист»; «Аҳмақ риш орояд, оқил — сухан»; «Олими беамал—занбӯри беасал»; «Гапи бисёр

пешина
аз 295
навбатӣ