Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ба муқобили истилогарони араб гуфта шуда бошад, зарбулмасали «Қадами номубораки Маҳмуд, гар ба дарё расад, барорад дуд» хислати ғоратгарию золимии Султон Маҳмуди Ғазнавиро ифода мекунад. Ин зарбулмасалҳо агар дар замони пайдоиши худ асосан аз рӯи мазмуни бевоситаашон истифода шуда бошанд, дар асрҳои минбаъда маънои маҷозӣ пайдо карда, киноямезона ба маънои дигар кор фармуда мешаванд.
Дар зарбулмасал ва мақолно монанди дигар жанрҳои фольклорӣ ғояҳои иҷтимоӣ ва ақидаю андешаҳои синфӣ инъикос шудаанд. Масалан, истисмор карда шудани халқи меҳнаткаш дар зарбулмасалҳои «Киҳо кашанд ҷабру ҷафо, киҳо кунанд, кайфу сафо», «Кӣ канад ҷон, кӣ хӯрад нон», нобаробарии иҷтимоӣ ва беадолатии ҷамъияти феодалӣ дар зарбулмасалҳои «Бедавлат агар кишт кунад, об наёбад, бадавлат киштаю накишта баробар», «Бой пӯшад, муборак босад, камбағал пӯшад, аз куҷо ёфтӣ?», «Халворо ҳаким хӯрад, калтакро ятим», зиддияти антагонистии синфҳои золиму мазлум дар зарбулмасалҳои «Меҳрубониҳои султон — фиреби ғурба аст ба мушон», «Даврронии золимро бакое нест», «Решаи бедод дар хокистар аст», «Чароғи ситамгар то бомдод насӯзад», мубориза, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар зарбулмасалҳои «Дандон ба дандон манеҳ, раҳна ба зиндон бизан», «То ҷон бар хатар нанихӣ, бар душман зафар наёбӣ», «Аз бандагӣ мурдан беҳ», «Марги бошараф беҳ аз зиндагии пурмазаммат» ифода гардидаанд. Ин зарбулмасал ва мақолно ҳамчун эҷодиёти халқи меҳнаткаш моҳияти синфӣ доранд ва дар онҳо манфиатҳои синфӣ ифода шудаанд. Аммо зарбулмасали «Ба худодода ситеза макун, ки худододаро худо додааст» аз эҷодиёти синфҳои истисморгару ҳукмрони ҷамъияти синфӣ мебошад, ки дар он истисмор карда шудани меҳнаткашон рӯйрост рӯпӯш карда шудааст. Ё ин ки дар мақоли «Ҳар кӣ бинад аз қисмати пешонӣ, хоҳ давлат аст, хоҳ бурдан ноне» низ ҳамин гуна ғояи синфии аъёну ашроф ифода гардидааст.
Фольклоршиносии буржуазӣ хусусияти синфӣ доштани зарбулмасалу мақолҳоро инкор мекунад, ҳол он ки аз мазмун ва ғояи зарбулмасалу мақолҳо ба манфиати кадом синф равона карда шудани онҳо маълум шуда меистад.
Албатта, баъзе зарбулмасал ва мақолҳое ҳастанд, ки онҳо ҳамеша ба як маъно, ки аз он хусусияти синфӣ зоҳир мегар- дад, истифода бурда намешаванд. Масалан, зарбулмасали «Об аз сар лой»-ро одатан ҳам дар мавриди айбдор кардани синф- хои ҳукмрони ҷамъияти феодалӣ ва ҳам ҳангоми муҳокимаи ягон кори хусусӣ ё ноомади натиҷаи кор истифода мебаранд.
Азбаски зарбулмасалҳо бо киноя, ташбеҳ, маҷоз, истиора таркиб ёфтаанд, мазмун ва маънояшон тобишҳои гуногун до- рад, ки он дар матн ва ё дар нутқи гӯянда пурна зоҳир мегар- дад.
Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикиро аз рӯи мавзӯъ ва мунда- риҷаашон ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: гурӯҳи якум —
82

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё