Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ранг мебошанд. Масалан, зарбулмасали тоҷикӣ: «Дар хонае, ки офтоб надарояд, табиб медарояд». Зарбулмасали албанӣ (тарҷумаи русиаш): «Куда не входит сонце, туда потом приходит врач», зарбулмасали тоҷикӣ: «Ба умеди худо нашаву буттаро дор». Зарбулмасали латишҳо (тарҷумаи русиаш): «Бога дожидаясь, с голода умрешь». Зарбулмасали тоҷикӣ: «Ҳар кас дарди худро гуфта менолад». Зарбулмасали русӣ: «У кого что болит, тот о том и говорит»: Зарбулмасали тоҷикӣ: «Дӯст гирёндода гап мезанад, душман ханданонда». Зарбулмасали узбекӣ: «Дӯст ачитиб гапирар, душман қулдириб» ва амсоли инҳо.

Чунин монандӣ, агар аз як тараф, ба ҳамрангии тараққиёти сохти ҷамъиятӣ, шароитҳои умумии ҳаёт ва ягонагии фикрию психологии ин халқҳо вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба робитаҳои маданӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии онҳо зич алоқаманд аст.

Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ таърихи қадимӣ доранд. Таърихи зарбулмасал бо таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони тоҷикӣ алоқаманд аст. Як миқдор зарбулмасал ва мақолҳо, ки то замони мо маҳфуз мондаанд, ҳазор сол пеш аз ин ҳам вуҷуд доштанд. Мавҷудияти таърихии онҳоро аз рӯи осори хаттӣ ва эҷодиёти классикони адабиёти тоҷик муайян кардан мумкин аст. Масалан, дар осори Абуабдулло Рӯдакӣ зарбулмасалҳои зерин дучор мешаванд:

  1. «Як ғӯсолай дарунрав ҳамаи подаро меолонад».

Яке олудае бошад, ки шаҳреро биёлояд, Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин.

  1. «Як дари баста, сад дари кушода».

Дурусту рост бувад ин масал: худой вайро
Агар бубаст яке дар, ҳазор дар бикшод.

  1. «Бо як даст ду харбуза бардошта намешавад».

Кас барнадоштааст ба дасте ду харбуза,
Эй хуни дӯстон-т ба гардан макун база.

Дар осори бисёр шоиру адибони асрҳои гуногун зарбулмасалу мақолҳое мушоҳида мешаванд, ки барои муайян кардани таърихи пайдоиш ва истеъмоли онҳо аҳамияти махсус доранд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии зарбулмасал ва мақолҳо. Мазмуни аксарияти зарбулмасалҳо аз панду ҳикмат иборат аст. Аммо зарбулмасалҳое низ дучор мешаванд, ки мазмунан бо воқеаҳои таърихӣ ва ашхоси ҷудогона алоқаманд буда, муносибати халқро нисбат ба он воқеа ва ашҳос баён мекунанд. Масалан, агар зарбулмасали «На шири шутур хоҳам, на дидори араб»

пешина
аз 295
навбатӣ