Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам дар забони гуфтугӯӣ ва ҳам дар адабиёти хаттӣ истифода карда мешаванд. Зарбулмасалу мақолҳо ҷиҳатҳои гуногуни муносибатҳои байни одамонро акс намуда, фикру зикри халкро оид ба ҳодисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва табиӣ ба таври кӯтоҳ ва дар шакли рехтаю суфта ифода менамоянд. Чунончи, «Аввал андеша, баъд гуфтор»; «Аз дӯсти нодон душмани доно беҳ»; «Дарро задам, девор кафид»; «Давидани гӯсола то кахдон»; «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу»; «Оби дари хона қадр надорад»; «Моргазида аз ресмони ало метарсад» ва ғайра.

Зарбулмасалу мақолҳо натиҷа ва ҷамъбасти таҷрибаю мушоҳидаҳои ҳаётии оммаи меҳнаткашонанд. Дар онҳо, ки дар давоми асрҳои зиёд гаштаю баргашта таҳрир ёфтаю сайкал хӯрда ҳамчун намунаи ҳайратангези осори адабиёти даҳанакӣ то замони мо боқӣ мондаанд, ҳикмати халқ, фазлу хиради халқ ва ҷаҳонбинию фалсафаи халқ инъикос ёфтааст. Нависандаи бузурги пролетарӣ А. М. Горький ба зарбулмасалу мақолҳо баҳои баланд дода, гуфтааст: «Маҳз зарбулмасал ва мақолҳо тафаккури оммаи халкро мукаммал, махсусан, пандомез ифода менамоянд... Умуман, зарбулмасал ва мақолҳо тамоми таҷрибаҳои зиндагӣ ва иҷтимоӣ-таърихии халқи меҳнатиро ба таври ибратангез баён мекунанд»1.

Гарчанде ки зарбулмасал ва мақолҳо дар алоҳидагӣ ҳам фикри расо ва маънои муайянеро ифода мекунанд, вале аҳамияти онҳо, моҳият ва қимати онҳо дар нутки гӯянда ё матни нависанда бештар ва барҷастатар аён мегардад. Бинобар ин зарбулмасал ва мақолҳоро аз фазилатҳои забон ва боигарию образнокии он ҳисоб кардан мумкин аст.

Воқеан, зарбулмасалу мақолҳо бо хусусияти бадеии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Зарбулмасалҳо бештар дорои маънои маҷозӣ буда, дар онҳо мақсад ва фикри аслӣ ба воситаи киноя ифода мегардад. Маънои зоҳирӣ ва бевоситаи зарбулмасалҳо ё калимаю ибораҳои дар зарбулмасал истифодашуда шакли бадеие мебошанд, ки танҳо барои ифодаи мақсад ва ғояи истиораомез хизмат мекунанд. Чунончи, «Забони мурғонро мурғон медонанд»; «Об аз сар лой»; «На сих сӯзад, на кабоб»; «Як задани оҳангару сад задани сӯзангар».

Мо маънои зоҳирӣ ва бевоситаи ин зарбулмасалҳоро ба назар намегирем ва ба фаҳми мо маънои маҷозӣ ва истиоравии
онҳо зудтар мерасад. Дар ҳақиқат дар ин мисолҳо мақсад забони мурғонро донистани мурғон, аз сари ҷӯӣ ё дарё лойолуд
шуда омадани об, насӯхтани сиху кабоб, ба як задани болғаи
оҳангарӣ баробар будани сад задани болғачи сӯзангар набуда, он ба маънои аслӣ-маҷозӣ ва ғоявӣ марбут аст: 1. бо роҳи
ишорат, ё гуфтугӯи махсус ба ҳамдигар маълум шудани фикри
тарафайн, 2. аз ибтидо вайрон ё бад будани кор, амалиёт ва
ғайра, 3. наранҷонидани ду тараф (ё ду шахс), муросокорӣ, ли-

1 М. Горький. О литературе, стр. 329.

пешина
аз 295
навбатӣ