Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
адолатхоҳӣ, ҳақиқатҷӯӣ ифода ёфтаанд. Намунаи ин қабил зарбулмасалу мақолҳо аз қарори зайл иборат мебошанд: «Шахси беватан — булбули бечаман»; «Дар диёри бегона гови мо ғӯсола шуд»; «Хоки ватан аз мулки Сулаймон хуштар, хори ватан аз лолаву райҳон хуштар»; «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош»; «Ҳар кӣ бо халқ ситезад, сар ба сар обрӯйи худ резад»; «Кора кунад карнайчӣ, балоба монад сурнайчӣ»; «Кӣ канад ҷон, кӣ хӯрад нон»; «Об овардагӣ ҳам баробар, кӯза шикастагӣ ҳам» ва монандӣ инҳо.
Чӣ навъе ки гуфта шуд, панду ҳикмат, маслиҳату пешниҳод, тавсияю насиҳат мазмун ва ғояи асосии зарбулмасалҳои гурӯҳи дуюмро ташкил додаанд. Ин гурӯҳи зарбулмасалу мақолҳо хеле гуногунмавзӯъанд ва онҳо, — чунон ки Н. В. Гоголь дар бораи зарбулмасалу мақолҳои русӣ мегӯяд, «аз ҳамаи воситаҳо — ҳам аз тамасхурӣ истеҳзо ва ҳам аз ришханду таънай нишонрас сероб мебошанд»1.
Азбаски доираи истеъмоли зарбулмасалу мақолҳо хеле васеъ аст, ба таври қатъӣ муайян кардани мавзӯъ, мақом ва муносибати онҳо ба ҳодисаҳои зиндагӣ кори чандон осон намебошад. Бо вуҷуди ин ба таври умумӣ гуфтан мумкин аст, ки зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ қариб сад мавзӯю мавзӯъчаҳоро дарбар кардаанд2, ки ҳамаи онҳо бо зиндагӣ ва фаъолияту амалиёти одамӣ алоқаманданд.
Ба ҳамин тариқ, зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ дар бораи хислатҳои зишти одамӣ: мунофиқӣ, дурӯғгӯӣ, тарсончакӣ, фитнагарӣ, кинаю адоват, ҳасадбарӣ, хасисӣ, тамаъ, ғараз, мағрурӣ, танбалӣ, мастӣ, хабаркашӣ, айбҷӯйӣ, ғайбат, пастӣ ва ҳоказо, инчунин дар бораи ахлоқи нек, муносибати устод ва шогирд, дар хусуси фарзанд, падар, модар, сабру тоқат, мушкилӣ, меҳмон ва меҳмоннавозӣ ва ғайраҳо баҳс мекунанд, ки мазмуни ғовиашон ба тарбияи инсон, ба ташаккули шахси солиму баркамол равона карда шудааст. Аз ин рӯ, онҳо афкори педагогии халқ буда, аҳамияти бузурги ҷамъиятӣ доранд.
Хусусиятҳои бадеии зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Зарбулмасал ва мақолҳо аз ҷиҳати бадеият дорои хусусиятҳои хосе мебошанд. «Ҳикмати бузург — дар соддагии сухан аст, — мегӯяд А. М. Горький, — зарбулмасалҳо ва сурудҳо ҳамеша кӯтоҳу рехтаанд, аммо ақлу ҳис дар онҳо ба андозаи як китоб аст»3.
Мушоҳидаҳои амиқу оқилонаи халқ дар бораи ҳодисаҳои зиндагӣ, табиат, муносибатҳои мантиқии байни ин ҳодисаҳо андешаҳои образноку бадеӣ ва хулосаҳои реалистонаи ҳаётиро ба вуҷуд овардаанд. Масалан, дар бораи хоксорӣ ва ботамкин будан: «Чун қаламфур тез машав, монанди зардак рост бош, мисли шалғам гарму нарму дар замин ҳамвор бош»; «Бузургӣ
1 В. Н. Гоголь. Собр. соч., Т. 6. М., 1937, стр. 417.
2 Ниг.: Суханҳои дилафрӯз, Душанбе, 1973.
3 В. Н. Морохин. «Хрестоматия по истории русской фольклористики». М., 1973, стр. 172.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё