Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Давлат, хараҳои додӣ,
Мушти зарабойӣ додӣ.
Сурудҳое, ки мисраи охирини ҳар бандашон ба сифати нақарот такрор ёфта, дар айни ҳол, барои таъкид кардан, вусъат додан ва ё ҷамъбаст намудани мақсади дар матни асосӣ ифодашуда хизмат мекунанд, бисёр дучор мешаванд. Сурудҳои «Бузак», «Харак», «Мурдани ӯ авлост», «Ғунчишк», «Ту садбарги кадом боғӣ» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.
Услуби сурудҳо. Дар сурудҳо, чун дар байту рубоию ашӯла, се навъи асосии усули тасвир мушоҳида мешавад. Бештарини сурудҳо хусусияти нақлӣ доранд: аз номи ягон шахс ҳодиса, саргузашт ва факте мавриди нақл қарор мегирад. Масалан, ошиқ аҳволи худро баён мекунад, азодор воқеаи мудҳиши ба сараш омадаро хотиррасон месозад, ғариб аз саргузашти худ сухан меронад, марди камбағалу қашшоқ бо шикояту эътироз вазъияти зиндагиашро нақл менамояд ва ё натиҷаи шӯриш, корнамоӣ, фалокат, ишқбозӣ ё фоҷиае аз забони мушоҳид нақл мегардад. Дар як маврид, ноқил фаъол аст, ӯ шахсияти худро дар маркази диққат мегузорад ва нисбат ба худ эҳсосоте ба амал овардан мехоҳад. Масалан, муроди гӯяндаи суханони зерин таъкид кардани вазъиятест, ки ба шахсияти ӯ алоқаманд аст. Ӯ дар роҳи вазнин азоб кашиданҳои худро таъкид менамояд:
Дар арқам дарзаи хасай,
Кӯҳравиҳомон басай,
Худма кардум овора,
Сабил бимона раҳот!
Дар мавриди дигар таъкид, чунон ки дар суруди зерин мушоҳида мешавад, ба фаъолияти объект мансуб мешавад. Объект — Авайдуллоҷон ном бои хасис аст, ки аз дасти ӯ занҳояш ба дод омадаанд:
Авайдуллобучча сахтгир,
Холабегим бетақдир.
Шавҳараш мардаки пир,
Аз вай надид як фатир.
Авайдуллоҷон ҳавас кард,
Дузангирира бас кард.
Ваъда ӯ ба ҳар кас кард,
Палосашро аз хас кард.
Баъзе сурудҳо, аз қабили суруди зерин, сар то сар аз саволҳои риторикӣ таркиб ёфтаанд:
Курта гули нор, куҷо меравӣ?
Қиммати бозор, куҷо меравӣ?
Ман, ки гирифтор ба кӯят шудам,
Моҳи шаби тор, куҷо меравӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё