Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баҳри вафо ваъда ба ман кардаӣ,
Ғайривафокор, куҷо меравӣ?
Тираки ишқат ба дилам ҷо гирифт,
Эй бути бадкор, куҷо меравӣ?...

Дар банду басти бандҳои дигари ин суруд низ мухотабҳои таркибӣ (гули беҳор, ногуфтагуфтор, нури чашми ёр, маъшуқи ғамхор) ва радифи саволдор мавқеи асосиро ишғол кардаанд.

Мисраи хотимавии ҳар банди чанде аз машҳуртарин сурудҳои халқӣ аз хитоби саволомез иборат аст:

Эй моҳи оламсӯзи ман,
Аз ман чаро ранҷидай?
Эй шамъи шабафрӯзи ман,
Аз ман чаро ранҷидай?

Ман ошиқи зори туам,
Аз ҷон харидори туам.
То зиндаам, ёри туам,
Аз ман чаро ранҷидай?

Ба дастат кардӣ дасмона
Ба зулфонат задӣ шона,
Гирифтори ту девона,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Ту будӣ булбули мастам,
Паридӣ аз сари дастам.
Гирифтори ғамат ҳастам,
Ту садбарги кадом боғӣ?...

Сурудҳое ҳастанд, ки аз ибтидо то интиҳо аз мухотаб таркиб ёфта, дар натиҷаи пай дар пай такрор шудани суханони хитобомез ва мавриди ташбеҳ ё рамзу истиора қарор гирифтани онҳо оҳанги шӯрангезе пайдо намудаанд:

Сарви равонам,
Ороми ҷонам,
Ғайр аз шумо ман,
Ёре надорам!
Гули хандонам,
Ширинзабонам,
Ғайр аз шумо ман,
Ёре надорам.
Эй насли хубон,
Моҳи дурахшон,
Ғайр аз шумо ман,
Ёре надорам.
Ғунчаи хандон,
Садафдандон,
Ғайр аз шумо ман,
Ёре надорам...

Қисми дигари сурудҳо маҳз дар гуфтугӯ асос ёфта, манзараҳои диққатангези муносибатҳои одамон, ҳамдилии гуворо ва

пешина
аз 295
навбатӣ