Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Барногули зебома,
Навҷувон, ҷони падар!
Пеши хона бозорай,
Паси хона мазорай.
Келинакум ғамхорай,
Навҷувон, ҷони падар!
Устуворӣ дар банду басти бисёр сурудҳо дар натиҷаи силсилаи муайяни санъатҳои тасвирро дар бар гирифтани онҳо ва бо такозои мавзӯъ ва мазмун ҳатмӣ будани истеъмоли ин санъатҳо ба амал меояд. Аз ин ҷиҳат дар сурудҳои халқӣ санъати такрор махсусан роли муҳим мебозад. Ба тавассути ин санъат одатан сохти ба худ хоси суруд ҳосил мегардад.
Дар яке аз сурудҳои шӯхи халқӣ, ки бо накароти «Ҷӯра, дунё мезгара» машҳур аст, тамоми мисраъҳоро калимаи «зулф» ҳалқабанд кардааст:
... Зулфи сиёҳи ҷинҷут,
Дандонақой биринҷут.
Буса гирум ай линҷут,
Ҷӯра, дунё мезгара.
Зулфи сиёҳи зогут,
Лайли мерафт ба боғут,
Падар бина, набина,
Модар бина, чӣ догут...
Зулфи сиё зар шикаст,
Печида дар банди даст,
Чашми сиёт кавги маст,
Ҷӯра, дунё мезгара.
Дар ҳар банди суруд, чунон ки мебинем, сифати зулф ҳар дафъа ба тарзи дигар зикр мешавад, яъне ҳар дафъа як сифати он аввал шаклаш — ҷингила, баъд рангаш — сиёҳи ҷилодор, пас аз он вазъияташ — печу тобаш ва ниҳоят, қиматаш қайд меёбад ва дар натиҷаи ҳамаи ин робитаи мантиқие байни бандҳои суруд ба вуқӯъ мепайвандад.
Бо вуҷуди ин дар вариантҳои аксарияти сурудҳои халқӣ, агар ҳаҷман калон бошанд, дар вақти иҷрои гӯяндаҳои гуногун ихтисор ё иловашавии мисраъ, байт ва бандҳо, ҷойивазкунии онҳо, яъне як навъ ноустувории композиционӣ мушоҳида мешавад. Ин ҳодиса боиси пайдо шудани версияҳо ва вариантҳои зиёди ин ва ё он суруди машҳури халқӣ гардидааст.
Роли нақарот дар сурудҳо. Аксарияти сурудҳои халқии тоҷикӣ ба воситаи нақарот ташкил ва тартиб меёбанд. Ба воситаи нақарот қариб ҳамаи сурудҳои тӯй, мотам, суруди модарон — «алла», сурудҳои ишқӣ ва ҳаҷвӣ, бадеҳа ва ғайраҳо шакл гирифтаанд. Нақаротро муҳимтарин ҷузъи сурудҳои лирикии тоҷикӣ шумурдан мумкин аст.
Нақаротҳо аз ҷиҳати шакл, мазмун ва вазн басо гуногунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё