Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

дар бораи рӯҳияи деҳқонони камбағал, ки барои мудофиаи Ҳокимияти Советӣ миён баста буданд, шаҳодат медиҳанд.

Хусусиятҳои шаклии сурудҳо. Сурудҳои халқӣ шаклан гуногунанд, вале ин шаклҳо дар ифодаи мундариҷа аҳамияти махсус надоранд, бинобар ин хусусиятҳои жанриро акс намекунанд. Як қисми сурудҳои халқӣ дар шакли ғазал, қисми дуюм дар шакли мусаммати мураббаъ (шеъри ҳар бандаш чормисраъгӣ) эҷод ёфтаанд. Сурудҳои лирикии дар шакли мусаллас эҷодшуда нисбатан кам дучор мешаванд. Ин шакл, аз рӯи кор, бештар ба сурудҳои таърихӣ хос аст. Мусамматҳои бандашон шаш ё ҳафтмисраъгӣ (мусаддас ва мусаббаъ) ва як қатор шаклҳои дигар, ки мансуби адабиёти хаттӣ мебошанд, дар назми лирикии халқ мавқеъ надоранд.

ЯК қисми сурудҳо таркиби нисбатан устувор дошта, аз миқдори муайяни бандҳои робитадори мавқеашон устувор иборатанд, ки ҷой иваз кардан ва ё ихтисор шудани банд ба маъно халал ва ба сохти суруд вайронӣ меоварад. Ин хусусият бештар ба сурудҳое хос аст, ки сюжете доранд. Сюжет бандубасти матнро яклухт ва устувор мекунад. Дар суруди «Ёди писар» аз забони падар воқеаи ба дарё ғарқ шудани писараш нақл мешавад. Падар аввал ҷои воқеа ва тарзи рӯй додани онро хабар медиҳад:

Ватани мо буд Кӯлоб,
Хов кардем дар лави об.
Бирафтем сӯи Кӯлоб,
Писармон шуд ғарқи об.

Аз банди дуюми суруд маълум мешавад, ки ҷои фоҷиа дарёи Панҷ будааст. Дар бандҳои минбаъда аҳволи падар тасвир меёбад:

Лаб-лаби об давидум,
Хушвақт Мирзом надидум,
Қазош расид фаҳмидум,
Навҷувон, ҷони падар!

Фарёд кардум, эй дарё,
Не гуш доштак, не садо,
Куҷо шуд писари мо?
Навҷувон, ҷони падар!

Биёрен аспи саманд,
Ба гирдаш гирен каманд,
Аҷаб шахи мустаманд,
Навҷувон, ҷони падар!

Аз бандҳои охирин гирд омадани мардум, марҳумро гирифта бурдани одамон, ҷамъ шудани ҳамдеҳагон дар пеши ҳавлии падар ва инчунин ҷои дафн маълум мешавад:

Оста барен разънома,
Чон булбули шайдома,

пешина
аз 295
навбатӣ