Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ошиқ шахси овораи кӯи ишқ, шайдои ҳусну ҷамоли ёр, муҷассамаи меҳру вафо, дилдодаи ҷафокашу фидокор аст, ки одатан ҳоли парешону дидаи гирён дорад. Ин образи анъанавӣ ҳатто ба сурудҳое таъсир гузоштааст, ки ба муносибати ягон ҳодисаи муайяни зиндагӣ гуфта шудаанд. Дар суруди «Доғам кардӣ, Зайдулмо» ошиқи Зайдулмоҳ ҳоли худро бо ибораҳои анъанавӣ баён мекунад. Ӯ дар бораи «доғ шудаст» ва «зор-зор нолаҳо» карданаш, сӯхтан ва нобуд шуданаш, ҳусни расои духтар ва бераҳмиҳои ӯ сухан меронад.

Зайдулмои мои мо,
Туро гирад оҳи мо,
Нолаҳои зори мо,
Доғам кардӣ, Зайдулмо.

Зайдулмои панҷангушт,
Чӯразулфот пасопушт,
Ошиқонашро бикушт,
Доғам кардӣ, Зайдулмо.

Дар суруд, чун дар байту рубоӣ ва ашӯлаҳо ҷои воқеа ва сурату рафтори одамӣ аниқ тасвир мешавад. Мо духтарро зери ҷодар дар лаби равзан, зери бед бо куртаи сурху сафед, дар таги тут ва дар лаби ҷӯйбор бо рухсори мусли апор мебинем. Мебинем, ки ӯ зулфи паси пушт ва қади баланд дорад. Дар айни замон мо воқифи воқеаи фоҷиаангез мешавем — духтарро ба афғоне фурӯхта ошиқашро ба ғаму кулфат гирифтор мекунанд:

Зайдулмо, чио кардӣ,
Рӯи худ сиё кардӣ?
Ба афғон савдо кардӣ,
Доғам кардӣ, Зайдулмо.

Дар ҳамин хел суруд ҳам ошиқ худро дар ҳолате нишон медиҳад, ки дар симои қаҳрамони лирикии бисёр сурудҳои ишқӣ мушоҳида мешавад.

Қисми дигари сурудҳои ғамангези халқӣ дар мавзӯъҳои ғарибӣ гуфта шудаанд. Ин қисм ҳам мисли сурудҳои ишқӣ дар шаклҳои тарона, ғазал, мухаммас, маснавӣ эҷод шуда, ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти ашхоси мусофиру ғарибро тасвир мекунанд.

Дар сурудҳо инъикоси баъзе мавзӯъҳо ва масъалаҳое, ки дар рубоиҳои халқӣ гаштаву баргашта тасвир шудаанд, вусъати бештаре дорад, саргузашти ғарибон, тарзи зиндагӣ ва талоши онҳо дар шароитҳои басо душвор баъзан назар ба рубоӣ мукаммалтар ва аниқтар ифода мегардад.

Дар бораи яке аз машҳуртарин сурудҳои халқии тоҷикӣ, ки бо номи «Ғарибӣ» борҳо дар маҷмӯаҳои фолклорӣ чоп шудааст, ҳанӯз солҳои пеш аз ҷанг мақолаи А. Н. Болдырев нашр гардида буд. А. Н. Болдырев барои муайян намудани муаллифи он кӯшиш карда, ба чунин хулоса омадааст, ки дар баъзе нусхаҳо тахаллуси Саной зикр шуда бошад ҳам, вале он ба қалами

пешина
аз 295
навбатӣ