Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

фироқ, бевафоӣ ва бераҳмии ёр ва монанди инҳо гуфта шудаанд, мавқеи махсус доранд.
Қаҳрамони лирикӣ аҳволи зори худро баён намуда, аз маҳбуба хоҳиш мекунад, ки ба сӯи ӯ назаре андозад:

Рафтам ба кӯят борҳо,
Бо нолаҳои зорҳо.
Бар ман нигаҳ кун дилрабо,
Сад бор гардам аз сарат.

Шахси дигар донистан мехоҳад, ки чаро моҳи оламсӯзу шамъи шабафрӯзаш аз ӯ ранҷида, саргаштаву маҷнунаш кардааст:

Бингар зи баҳрат чун шудам,
Саргаштаву Маҷнун шудам.
Чун лола дил пурхун шудам,
Аз ман чаро ранҷидай?

Бисёр ошиқон аз душвории гуфтугӯ бо ёр ва умуман имконнопазирии дидори ӯ шикоят доранд:

Туро дар кӯчаҳо бинам, дилам афгор мегардад, Сухан гуфтан намекунам, дилам хуншор мегардад.

Сари роҳам пур аз хор аст,
Қадам мондан душвор аст,
Ҷаҳон дар дидаам тор аст,
Ту кай парвои ман дорӣ.

Садоқату вафодорӣ, ҷону дилро нисори ёр кардан, зебоии ҳусну фазилатҳои беназири ӯ ва орзуи висол барин мавзӯъҳои анъанавӣ дар сурудҳо бо оҳу фиғон ва яъсу андӯҳ тасвир мешаванд.
Ошиқон ҳам мақсаду орзу ва ҳам мафтун шудани худро ба ҳусни ёр бо дидаи гирён арз мекунанд:

Ошиқи покам ба рӯят, эй моҳи тобони ман,
Хоки поят тутӣё, эй сурмаи чашмони ман.
Нест манро ҷуз висолат орзуе дар ҷаҳон,
Ҳамдами ман, мӯниси ман, дидаи гирйёни ман.
Рӯи ту чун офтобу абрувонат чун ҳилол,
Чашми мастат ништар аст, эй нодири даврони ман.

Аз мисолҳои боло ва умуман аз сурудҳои ишқӣ ду навъ образ ба назар мерасад: образи ошиқ ва маъшуқа, ки тасвири ҳар ду назар ба образҳои рубоиёт, ашӯла ва байтҳои халқӣ бештар ба услуби анъанавӣ тобеъ шудааст ва хислатҳои ба онҳо нисбат додашаванда бакуллӣ анъанавианд. Ба ҳукми анъана ин образҳо аз як суруд ба суруди дигар кӯчида, ба такрори маҳзи адабӣ мубаддал гардидаанд, онҳо ба камбағалӣ, никоҳи маҷбурӣ ва ғарибӣ барин ҳодисаҳои ҳаёти гузашта чандон алоқаманд нестанд ва дар инъикоси ин ҳодисаҳо роли муҳим намебозанд.

пешина
аз 295
навбатӣ