Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуб дар хотирам ҳаст, ки вақте устод ба ҳайси раиси имтиҳони давлатӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав меомаданд, ҳамеша дар суҳбатҳояшон мо устодон, алалхусус ҷавононро тарғибу ташвиқ менамуданд, ки ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷиддӣ машғул шавем. Устоди донишгоҳ бояд ба кори илмӣ ҷалб шавад, зеро маҳсули меҳнати илмӣ ва эҷодии ӯ бояд ҳамчун дастури таълимӣ ва манбаи илму дониш барои дигарон бошад. Ҳамин андешаҳоро устод бо самимият ва масъулияти ҷиддӣ баён медоштанд. Зикр менамуданд, ки бояд ҳар кадоми мо дар тарбияи маънавию фарҳангӣ ва адабии инсонҳо тавассути нигоштаҳоямон саҳмгузор бошем.
Ҳангоми қабули имтиҳонҳои давлатӣ бо донишҷӯён бо меҳрубонӣ ва самимияти хосса муносибат менамуданд. Барои дуруст ифода намудани андешаашон ёрӣ мерасониданд. Кӯшиш менамуданд, ки донишҷӯ оянда ба кори илму таҳқиқот майлу рағбат дошта бошанд. Бо усулҳои ба худашон хос донишҷӯёни соҳибистеъдодро кашф намуда, ба дигар устодон ёдрас мешуданд, ки бо пайдо шудани имконият онҳоро ба зинаҳои дигари таҳсилот роҳнамоӣ кунанд.
Медонем, ки устоди фақид аз донишмандони соҳибноми риштаи адабиётшиносӣ буданд ва дар риштаҳои гуногуни улуми адабиётшиносӣ, сар карда аз таърихи адабиёт то ба назарияву нақди адабӣ корҳои мондагори илмӣ таълиф намудаанд. Вале дар ин росто роҳнамоиву ҳидоятҳои ӯ барои раҳравони дигар ҷодаҳои илм, аз ҷумла мо – ихтисосмандони соҳаи журналистика бесамар набуд.
Қайд намудан зарур аст, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои устод Абдушукури Абдусаттор муҳаққиқони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар фаъолияти самарабахш доранд.
Яке аз чунин шогирдони олими соҳибмактаб, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илvҳои филологӣ Муродов Алишер мебошад.

пешина
аз 194
навбатӣ