Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ имрӯз идомабахши кори устод буда, дар роҳи илм собитқадамона гом мениҳад. Дар мавриди шахсияти устод, донишмандиву фурутанӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи ӯ чунин изҳори андеша намуданд:
– Устоди зиндаёд А. Абдусаттор ҳангоми суханронӣ бисёр бо таҳаммул ва андешамандона суҳбат менамуданд. Ҷаҳонбинии васеи илмӣ доштанд. Дар баррасии масъалаҳои гуногун аз осори гузаштагонамон порчаҳои шеърӣ истифода мекарданд, ки ин ба муассирии сухани ӯ мусоидат мекард. Бисёр инсони хохсор ва қаноатпеша буданд. Ба ҳамаи инсонҳо мувофиқ ба фаҳму завқашон мавзуи суҳбатро ба миён мегузоштанд. Дар ҷараёни кори таҳқиқотӣ аз китобу рисолаҳои дастраснамудаи устод хеле зиёд истифода менамудаам. Бояд қайд намоям, ки др муҳити хонавода устод китобхонаи бузургеро таъсис додаанд, ки барои истифодаи ҳар як муҳаққиқи соҳаи филологияву таърих лозим ҳастанд. Ҳатто баъзе асарҳоеро, ки аз китобхонаҳо ёфтан мушкил аст, дар китобхонаи шахсии устод мавҷуданд.
Устод Абдушукури Абдусаттор бисёр шахси фозилу дурандеш буданд. Бисёр бо мулоҳиза андешаронӣ мекарданд. Ба ҳар масоиле, ки сухан аз он мерафт, дурандешона ва дақиқкорона баҳо медоданд. Чунин муносибатро мо ҷавонон зимни баёни фикрашон хуб эҳсос мекардем. Бо вуҷуди содаву самимӣ баён гардидан ҳар як ифодаву ибораашон таъсирбахшу ҳадафнок буд ва ба шунавандаи оқил таъсири муносиб мегузошт.
Дар идомаи суханронии худ Муродов Алишер аз хотираҳо бо устод ёдовар гардидаанд, ки аз таваҷҷуҳ доштани устод Абшукури Абсуттор нисбати илмомӯзиву корҳои таҳқиқотии ҷавонон дарак медиҳад.
– Бо гузашти муддате устод А. Абдусаттор ба ҳайси раиси имтиҳони давлатӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омаданд. Ин тасодуф ва ё туҳфаи тақдир дар дигар гардидани ҳаёти минбадаам боис шуд. Ҳангоми қабули имтиҳони давлатӣ бо донишҷӯён бисёр босамимият сухан менамуданд.

пешина
аз 194
навбатӣ