Нигоҳи чашму дил

Аммо илм бо амал кардан фазилат меорад. Беҳуда нагуфтаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад.
Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёти худу дигарон аст. Саъдии бузург ҳикояте меорад, ки дар он гуфта: “Аз нафаре пурсиданд, ки олим будан хуб аст ё обид?
Гуфт: Олим будан. Чунки обид танҳо барои наҷоти худ талош мекунад ва олим бошад ҳам барои наҷоти худ ва ҳам дигарон”.
Тамоми бузургони олам дар бораи илму олим андешаҳои судманд гуфтаанд. Ҳанӯз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Бе омӯхтани илму ҳунар инсон ба муроди хеш расида наметавонад ва дар зиндагӣ низ муваффақ намегардад. Пас ҳамин илм аст, ки моро ба қуллаи мақсуд мерасонаду иззату осоиш ва мақом мебахшад.
Устод Абдушукури Абдусаттор тамоми умри бобаракати худро барои андӯхтани илму дониш ва ҳалли мушкилоти худу дигарон сарф намуда буд. Устод пайваста дар ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ, суҳбату мулоқот бо одамон ҳамеша аз фазилати илму хирад дар ҳаёти инсоният сухан мекарданд. Ба мусоҳибон ҳамеша тарғибу ташвиқ менамуданд, ки ба илму хирад пайванди ногусастанӣ дошта бошанд.
Зикр намудан зарур аст, ки устод Абдушукури Абдусаттор дар баробари таълиму тарбияи ҷавонон ба навиштани китобу рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳои публитсистӣ низ машғул буданд.
Навиштаҳои устод масоили гуногуни худшиносиву худогоҳии миллиро фарогир буданд. Таърих ва назарияи адабиёт, робитаҳои гуногуни адабӣ, мунаққидӣ, фаъолияти адабиву эҷодии адибону публитсистонро ҳамеша дар навиштаҳояшон устод таҳлилу арзёбӣ менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё