Нигоҳи чашму дил

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир фаъолияти омӯзгорон чун сипари боэътимоди ҳифзи илму маориф, фарҳангу тамаддуни пурғановати миллӣ ва тарбиягари наврасону ҷавонони кишвар дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ назаррас баҳогузорӣ мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳ дошта, ба заҳмати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд. Баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ва муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ аз ҷумлаи чунин ғамхориҳои рӯзафзуни давлат ба ҳисоб меравад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дорад.
Аз ин рӯ, рушди бонизоми соҳа ба беҳтар гардидани дастоварду комёбиҳои меҳнатии тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Имрӯз кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар талош доранд, ки дар татбиқи сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.
Устод Абдушукури Абдусаттор аз ҷумлаи ҳамин гуна омӯзгорон буданд, ки давоми солиёни дароз дар таълиму роҳнамоии садҳо равандагони ҷодаи илму маърифат саҳм гузоштаанд. Мавсуф ҳамчун олими варзида, муҳаққиқ ва шахсияте, ки бар фазилати илму олим будан даст ёфтааст, маъруф аст. Мавсуф аз таҷрибаи зиёди андӯхтааш аз китоби зиндагӣ хуб дарёфта буд, ки дарвоқеъ ҳамин илм аст, ки ба одам шарафу иззат медиҳад. Илм аст, ки ба инсон номи мондагорӣ мебахшад. Инсоне, ки беилм зиндагӣ ба сар мебараду аз меваи шаҳдбори он бебаҳра мемонад, дарахти бесамареро мемонад.
Шахси бофазл дар ҳамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун шахси ҳидоятгару пурдон ва маърифатомӯз эҳтиром мекунанд. Шарофати илм ончунон баланд аст, ки Ғаззолии бузург гуфта буд: “Илм нур аст ва нури илоҳӣ ба гунаҳгорон дода намешавад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё