Нигоҳи чашму дил

ЗИНДАГИИ ИБРАТОМӮЗ
Баъди касби Истиқлоли давлатӣ гиромидошти шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва адабӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар гардида, дар ин замина тадбирҳои зиёде амалӣ гашта истодаанд, ки барои тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири мусбат мерасонад. Маҳз тавассути чунин чорабиниҳои илмию фарҳангӣ мо бори дигар бо рӯзгори ибратомӯзу осори арзишманди ниёгон ва чеҳраҳои маъруфи илму адаб ошноӣ пайдо мекунем. Дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо зарурати чунин тадбирҳои судманди маърифатӣ аҳаммияти бештар касб мекунад. Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дастгирии олимон дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз масоили меҳварӣ маҳсуб мешавад.
Рӯзгору фаъолияти доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов аз беҳтарин намунаи садоқати зиёӣ ба соҳаи илму маориф мебошад. Мавсуф 12-уми августи соли 1943 дар деҳаи “Хоҷағалтон”-и ноҳияи Шурообод, ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Тибқи нақли худи устод гузаштагонаш аҳли илму фазл буда, бобои бобояш Аҳмад дар Даҳбеди Самарқанд зиндагӣ кардааст. Яке аз фарзандони ӯ Усмон ном дошта, баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа, ба мадрасаҳои калонтарини Бухоро дохил мегардад ва ҳамчун ҳуқуқшинос то ба вазифаи қозигӣ ва мударрисӣ дар Бухорои Шарқӣ мерасад. Чанд муддат дар Қаратоғу Балҷувон, Роғи Бадахшон ва дигар минтақаҳо ба толибилмон аз фанни фиқҳ низ таълим медодааст. Сипас, ба деҳаи Сиёни соҳили дарёи Панҷ рафта, хонадор мешавад. Нурмуҳаммад фарзанди ҳушманду зираки Усмон буд. Ӯ дар назди падараш хатту савод мебарорад. Баъдтар боз ба зодгоҳи падариаш баргашта, бо Назрибегим оила барпо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё