Нигоҳи чашму дил

Онҳо соҳиби ҳафт фарзанд, аз ҷумла се писар: Мадисмон, Мадризвон ва Мадикром ва чаҳор духтар: Гулбегим, Моҳбегим, Шоҳбегим ва Давлатбӣ буданд.
Мадикром падари профессор Искандар Икромов миёни дигар фарзандон бо ақли расову зеҳни гиро фарқ дошт.
Мадикром хатту саводи хуб дошт ва ба таълими фарзандони мардуми кӯҳистон машғул буд. Маҳз бо роҳнамоии ӯ ёздаҳ фарзанди хонадон дар руҳияи илмдӯстиву донишомӯзӣ тарбия ёфта, ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ихтисоси гуногун шудаанд. Аз ҷумла, Искандар Икромов – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Зафар Икромов – физик, генерал – майори адлия, Ҷумъахон Икромов – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, тарҷумон, Амирхон Икромзода – духтури ҳайвонот, Шералӣ Икромов – муҳандис, Алихон Икромӣ – духтур, эксперти ҳарбӣ, Олим Нурмадов – сохтмончӣ, Ҷамшед Нурмадов – иқтисодчӣ, Фаррух Нурмадов – омӯзгори забон ва адабиёти рус, Гулдаста Нурмадова – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, Пӯлод Нурмадов – иқтисодчӣ мебошанд, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавқеи худро ёфтаанд.
Оилаи Икромовҳоро натанҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, балки дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Бохтар чун хонадони зиёӣ ва намунавӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Устод И. Икромов дорои хасоили ҳамидаву омӯзанда мебошад.
Яке аз дӯстони устод, профессор Санг Холназар дар бораи баъзе аз хасоили ӯ чунин гуфтааст: “Дигар хислати хуби Искандар Икромов он аст, ки ростгӯй мебошад, ҳатто дар ҳолатҳое, ки ростгўияш ба ў зарарнок буд, аз он даст накашидааст.
Мавсуф аз бадию бахилӣ, номардию нописандӣ, мардумозорӣ фарсахҳо дур буда, ҳазорон нафар шогирдонашро дар руҳияи ҷавонмардӣ, ростқавлӣ, инсондӯстию инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, дӯстдории касби худ тарбия намудааст”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё