Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лаҳни баён ва ҷозибаи мусиқии ў дунёи моро рангин менамояд. Ҳамин аст, ки суруду оҳангҳои Мурод Одина дилпазиранд ва ба қалбҳо зуд роҳ меёбанд. Ин ҳунарманд матни сурудҳояшро дониста интихоб мекунад. Барои оҳанг бастани матни сурудҳояш меҳнати зиёд мекашад. Агарчи сабку услуби хониш ва оҳангҳояш бо ҳунарманди Машриқзамин Аҳмад Зоҳир умумияте дошта бошанд ҳам, аммо тафовут миёни суруду оҳангҳои ин ду ҳунарманд ба мушоҳида мерасад.
Мурод Одина дар дўстӣ бисёр устувор ва самимӣ аст.
Ҳаракат менамояд, ки ба дигарон ёриву мадад расонад.
Махсусан, аз ғаму андуҳи наздикону дўстон ғамгин ва аз муваффақияту пешрафташон шод мегардад. Миралӣ Давлатов аз ҷумлаи дўстони наздики Мурод Одина аст. Бо ў ҳамеша дар робита аст. Ҳар суруде, ки омода менамояд, аввал дар назди ў месарояд ва ҳатман маслиҳаташро барои такмил мепурсад.
Дарвоқеъ, Мурод Одина бо маънии пуррааш инсони комил, ҳунарманди хушсадо, оҳангсози соҳибистеъдод мебошад.

пешина
аз 194
навбатӣ