Нигоҳи чашму дил

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои то ба мо расидани забони ноби тоҷикӣ фарзандони фарзонаи миллат, бахусус устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳоҷизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои нафари дигар хизматҳои арзишманд кардаанд. Устод Зафар Мирзоён низ бо ифтихор ва сабақи таърихӣ бардоштан аз набардҳои шадид нисбати забони тоҷикӣ дар ин самт ёдовар шудааст: “Дар Иттиҳоди Шуравӣ барои аз байн бурдани забонҳои миллӣ ва сохтани (таъкид мекунам сохтани!) забони ягонаи давлатӣ тарҳрезиҳои систематикӣ сурат мегирифт ва онҳое, ки садди роҳи он тарҳрезиҳо мешуданд, на танҳо аз вазифаву озодӣ, балки аз зиндагӣ маҳрум мешуданд. Масалан, устод Айнӣ аксари он мақолаҳоеро, ки дар нигаҳбонии асолати забони форсии тоҷикӣ нигошта буд, бо тахаллусҳои «Сод-Айн»
ва «Син-Мим» ба табъ расонда буд. Ба масъалаи забон шахсан худи «падари миллатҳо», Иосиф Сталин машғул шуда, китобе таҳти унвони «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ»-ро интишор карда, зимнан Н.Я. Марр ном академики риштаи забоншиносиро торумор карда буд. Забоншиносони сиёсатпешаи тоҷик, барои татбиқи нишондодҳои ҳизб, вожаҳои илмиву фанниро комилан аз байн бурда, бар ивазашон вожаҳои русӣ ё истилоҳоти аз забони русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шуда муқаррар намуданд. Яъне, забони тоҷикиро аз пояи илмиаш комилан кашида, саркӯб карданд. Масалан, гарчи улуми ситорашиносӣ, ҳандаса, ҳисоб, калом, риёзиёт, ҷуғрофия, тиб гузаштаи ҳазорсола дошта бошад ҳам, дар замони Шуравӣ аз истилоҳоти фаннии форсии он истифода нашуд. Ин аст, ки ҳоло як коршинос ва баъзан ҳатто донишманди риштаи геометрия ё риёзиёт истилоҳоти касби худро бо забони тоҷикӣ намедонад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё