Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ишораи устод рушду инкишофи ҷомеа ва миллату давлат ба забону фарҳанги он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки кишварҳои бузург барои аз байн бурдану ғасби давлатҳои хурд, пеш аз ҳама, ба забону фарҳанги он зарба мезананд. Бо вуҷуди ҳуҷумҳои зиёд будан ба ин рукни ҳастии миллату давлат, яъне забони тоҷикӣ дар дарозои таърих он ҳувияту асолати худро ҳамчун воситаи муҳимму муқтадири миллату давлат ҳифз карда тавонист. Чунончӣ дар мақола ба ин чиз ишора шудааст: “Мо тоҷикон набояд фаромӯш кунем, ки ҳастиву марги забони модариамон вобаста ба шуури худи мост.
Танҳо доштани ҳисси миллии воқеиву самимӣ метавонад забони тоҷикиро аз марг наҷот диҳад ва бояд ба таъкид овард, ки ҳассосияти миллӣ, мисли хештаншиносӣ, ҳаргиз маънии миллатгароиро надорад. Ва дар диле, ки меҳри Ватан ҷойгир аст, маҳалгароӣ ва миллатгароӣ ҷой нахоҳад ёфт. Ишораи мо ба худнигарӣ ва ислоҳи норасоиҳои дар замонаҳои Шӯрави бор оварда, ҳушдорест, ки ба тоҷикон дар ин муҳити ташналабиҳои ҷаҳони сармоя ва ҳамзистӣ дар байни ақвоми пурзӯр, қобилияти зисти тавоно, аз ҷумла забони тавонои адабӣ лозим аст”.
Забон ҳамчун василаи муаррифии миллату давлатҳо ва иртиботи гуногунсамт миёни мардуму кишварҳо пазируфта шудааст. Устувориву мавҷудияти ин рукни давлатдорӣ, пеш аз ҳама, ба забон ва фарҳанги миллӣ вобастагии зиёд дорад. Ба таъкиди устод Зафар Мирзоён маҳви забон аз беэътиноии соҳибони он маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки барои ҳифзи забони тоҷикӣ саъюу талоши бештар варзем ва барои устувории он саҳмгузор бошем. Дарвоқеъ, забон рукн, поя ва ҳастиву бақои ҳар як миллату давлат буда, рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз сатҳи забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба ин арзиши миллӣ ибтидо мегирад.
Забон муҳимтарин воситаи иртиботи одамон буда, дирўзро бо имрўз ва имрўзро бо фардо пайванд мекунад. Аз ин рӯ, пос нигоҳ доштани ин муқаддасот аз сатҳи маърифату хештаншиносии ҳар фарди худогоҳ дарак медиҳад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба ин зикр намудаанд, ки: “Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад”.

пешина
аз 194
навбатӣ