Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо бо кишвари Русия дар мубориза барои ҳукмфармоии сулҳу осудагии мардумони ҷаҳон ҳамсаф мебошем. Силоҳи низомӣ ва шеваи лашкардории мо русӣ мебошад ва ин хеле оқилона аст, зеро лашкари заволнопазири рус беҳтарин анъанаҳои мудофиаи марзу буми худро доро мебошад”.
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон чун омили таҳрикдиҳандаи раванди суботкорӣ ва созандагӣ пазируфта шуда, барои муаррифи миллату давлат дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Зафар Мирзоён низ чун шахсияти боғурур ва ифтихорманд аз ин меҳану миллат дар мақолаи худ ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳ карда, бо самимияти хосса навиштааст: “Ман аз номи худ, ҳамчун як тоҷики ватанпарвар, аз номи ҳама шахсоне, ки Тоҷикистон барояшон муқаддасу беҳамтост ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси самимӣ намуда, пешбурди сиёсати давлатро дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳон оқилона ва хирадмандона арзёбӣ менамоем. Бо чунин давлатдорӣ ва бо Пешвои беҳамтои миллат, ба қуллаҳои баланди комёбиҳо бечунучаро хоҳем расид!”.
Тавре дар боло ишора намудем дар осори Зафар Мирзоён ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳамчун мавзуоти марказӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Мавсуф бо изҳори қаноатмандӣ ва сарафрозӣ зикр мекунад, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи қадимтарин халқиятҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Яке аз воситаҳои муҳимми ҳифзи миллату давлати тоҷикон дар масири таърих ба мавҷудияти забону фарҳанг ва таъриху тамаддуни пурғановаташ иртибот дорад. Зафар Мирзоён дар нигоштаи дигари худ, ки таҳти унвони “Хатари марги забони тоҷикӣ” бо санаду далелҳои муътамад дар бораи рисолати забон дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ёдовар гаштааст.

пешина
аз 194
навбатӣ