Нигоҳи чашму дил

Зафар Мирзоён дар мақолаи мавриди назар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз робитаҳои миллати тоҷику рус ёдовар гардида, моро барои таҳкими ёфтани дӯстиву рафоқат миёни тамоми халқу миллатҳо роҳнамоӣ мекунад. Ба таъкиди устод маҳз ҳамин ҳамкориҳои судманд аст, ки давлату кишварҳо рушд мекунанд ва сатҳи некуаҳволии сокинон беҳтар мегардад.
Дарвоқеъ, таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамчун халқи ватандӯсту диловар, тамаддунофару сулҳдӯст миёни дигар қавму миллатҳо пазируфта шудааст. Устод Зафар Мирзоён низ дар навиштаҳои худ аз таърихи пурифтихорамон бо муҳаббат ҳарф зада, аз робитаҳои судбахши қавму миллатҳо бо халқи тоҷик ёдовар шуда, аз ҷасорату фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллат ёдовар мешавад, ки ин ҳама ба таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон таъсири мусбат мегузорад. Чунончӣ дар ин нигошта омадааст: “Мо бо русҳо аз як хонадони забонҳои ҳиндуориёӣ мебошем ва ин кишвари некхоҳон равзанае барои бозбинии Аврупо мебошад. Русҳо барои тоҷикон устодони омӯзиши васоити техникӣ ва кашфиёти пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошанд. Забони русӣ аслан забони муоширати тоҷикон бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва як идда кишварҳои аврупоӣ мебошад”.
Бо вуҷуди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳанӯз ҳам афроде пайдо мешаванд, ки барои коҳиш додани обруву нуфузи Сарвари давлат ва кишвари маҳбубамон кушишҳо мекунанд.
Чунин гурӯҳҳо ашхоси бадтинат буда, чун зархаридони аҷнабӣ шинохта шудаанд. Зафар Мирзоён дар навиштаҳои худ моро ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор доштан аз сарзамини аҷдодӣ тарбия ва роҳнамоӣ мекунанд. Тавре дар мақолаи мазкур зикр шудааст: “Чунин ба назар мерасид, ки бадбинони давлати мо ин манзараҳоро тамошо карда, чун мор дар худ мепечиданд, пай мебурданд, ки нақшаҳои дар дил об додаашон хоку хокистар шуда бар фарқи сарашон мерезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё