Нигоҳи чашму дил

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дарозои таърих ба муқаддасоту арзишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик аз ҷониби аҷнабиён борҳо ҳуҷумҳои ошкоро сурат гирифта, барои аз байн бурдани забони тоҷикӣ кушишҳои зиёде кардаанд. Хушбахтона, ҳама он муборизаҳоро миллати тоҷик таҳаммул намуда, забону фарҳанги пурғановати худро ҳифз намуда меояд, ки ин чун воситаи ҳастии ҳар халқу кишвар ҳисобида мешавад. Зафар Мирзоён низ ҳамчун посдорандаи забони миллӣ дар силсиламақолаҳои худ моро ба дӯстдории фарҳангу тамаддуни пурғановат, забон ва дигар арзишҳои милливу давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад. “Аз ин рӯ, бояд андешамандону андешаварон ва ҳар як тоҷики баору номус барои ҳифзу поксозии забони модарӣ рӯ оварад”.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард.
Аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар он аст, ки забони тоҷикиро аз забони хонаводагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ ва давлатӣ табдил дод. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Забони миллат – ҳастии миллат” дар ин маврид қайд намудаанд: “Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст”.
Баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ дар муҳити илмию фарҳангӣ ва адабии кишварамон садҳо тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин замина корҳои шоиста иҷро гардиданд.
Гиромидошти солгарди абармардони илмӣ ва адабӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ҷашнҳое буданд, ки бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё