Нигоҳи чашму дил

Моҳияти ин ҳама нигоштаҳоро воқеият ва иттилои рўз фаро мегирад. Ба таъбири профессор М. Муродӣ “Маълум аст, ки ҳамаи асарҳои публитсистӣ - ҳаҷвии С. Айнӣ, ки дар шакли тамсил эҷод шудаанд, дар асоси иттилоъ ё ахбори муайян ба вуҷуд омадаанд”. Публитсист Б. Муртазо бошад бо баррасии ин масъалаҳо диққати роҳбаронро ба ин минтақа, ки метавонад дар таъмини маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо нақши шоиста дошта бошад, ҷалб мекунад. Дар раванди тасвири ин мавзуъҳо ҳамчунин проблемаҳои дигари дар ҳаёти мардуми минтақа қарордошта бо шеваи хос баён мешаванд. Тавре дар очерк мехонем: «- Ман медонам, ҳам дар колхози шумо, ҳам дар колхозҳои ҳамсоя замин бисёр. Лекин замини лалмӣ. Лалмӣ бошад ҳам, баҳор нағз ояд, ғалла мешавад. Барои ҳамин ба ҳардуятон якто трактор медиҳем. Ҳардуятон тракторро дам надода меронед. Ҳам барои фронт, ҳам барои худамон ғалла даркор. Ҷанг тамом шавад, ба ин заминҳо об мебарорем”.
Муаллиф бо тасвири ин ва дигар лаҳзаҳо ба фаъолияти қаҳрамонҳои “Эҳёи Бешканд” таваҷҷуҳ намуда, гуфтан мехоҳад, ки ҳама дар кушодани заминҳои бекорхобида, ҳосилхез намудани он ва парвариши зироату полезиҳо саҳим бошанд, чунки таъмини амнияти озуқаворӣ ва бозори истеъмолии кишвар аз ҳар ҷиҳат ба чигунагии муносибати мо ба замин вобаста аст. Дар хати меҳварии сужаи очерк фаъолияти Вафо Ҷабборов, Самад Вафоев ва Турақул Холов қарор доранд, ки пастиву баландӣ, мушкилоту муаммои зиёд ва ҳодисаҳои ғамангезу шодиафзоро аз сар мегузаронанд. Дар маҷмуаи «Ҷўи Навдиз» масъалаҳои муҳимми хоҷагии қишлоқ, аз қабили муносибати инсон ба замин, об ва дарё шавқангез тасвир ёфтаанд. Аксари қаҳрамонҳо дар фаъолияти деҳқонии худ таҷрибаи бой доранд ва аз усулҳои санҷидашуда васеъ истифода намуда, иқтисодиёти кишварро аз ин ҳисоб ғанӣ мегардонанд.
Дар баробари ин адиб кўшиш намудааст, ки ба паҳлуҳои рўзгор, ҷаҳони маънавии қаҳрамонҳо низ эътибор диҳад. Чунончи, И.
Усмонов менависад: «Очеркҳои маҷмуа бо бандубасти мустаҳкам ва низоъҳои воқеӣ ва асоснок диққатро ҷалб мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё