Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз ин, анъанаи эҷоди асарҳои публитсистӣ аз тарафи адибон идома ёфта, шаклҳои гуногуни таъсиргузорӣ ба мафкураи ҷомеа ба миён омад. Насли адибони муосир аз устод С. Айнӣ шуруъ карда, то имрўз дар рушду густариши публитсистика нақши хосса гузоштаанд. Ҳар яке ба умқи мавзуи хос фурӯ рафта, бо нигоштаҳои худ воқеиятро тасвир намуда, ба ин васила дар кушодани гиреҳҳои дар ҳаёт ва фаъолият буда то андозае муваффақ ҳам шудаанд. Дар солҳои 30-юм ва 40-уми асри ХХ на фақат дар эҷодиёти С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С.
Улуғзода, М. Миршакар, Алӣ Хуш, Самад Ғанӣ барин адибон, инчунин дар таълифоти Бобоҷон Ғафуров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев барин олимон таълифоти публитсистӣ мавқеи аввал пайдо намуд. Бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳам баҳсу мунозираҳо оид ба публитсистика миёни олимон идома дорад. Ҳар кадоме вобаста ба маърифату қобилият, хусусияту вижагиҳо, вазъи иҷтимоиву сиёсӣ онро ба таври хомса арзёбӣ кардаанд. Публитсистика на танҳо ҳамқадами замон, балки тағйирдиҳандаи афкору андеша, амалу рафтор ва заминагузори инсони комил шинохта шудааст.
Дар асарҳои публитсистӣ рўзгори воқеии инсонҳо ба таври густурда таҷассум меёбад. Дар давраи ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, пуршиддат гардидани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии миллату давлатҳо аз публитсистон тақозо мешавад, ки масъулияти худро бештар эҳсос намуда, асарҳои мондагор ва мукаммалу ба талаботи имрўз ҷавобгў таҳия намоянд. Публитсистика руҳи замона буда, он роҳнамо ва такондиҳанда ба самти комёбиҳои меҳнатӣ пазируфта шудааст. Пас агар, вазифаи публитсистика аз як ҷиҳат тарбия бошад аз ҷониби дигар манбаи асосии донишу илм низ шинохта шудааст. Ҳарчанд дар давраи муосир радиову телевизион, агентиҳои иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ, телефонҳои мобилӣ ва ғайра дар инъикоси фаврии рўйдоду падидаҳои замон хеле фаъол бошанд ҳам, матбуот, хосса публитсистика, масъалаҳои ҳаётиро ҳамаҷониба омўхта, таҳлилу натиҷагирӣ намуда, бо шакли мушаххас ва ба завқи хонанда мувофиқ таҳияву пешниҳод менамояд.

пешина
аз 194
навбатӣ