Дарахти Ватан

Бигзор, хӯрам анори ширин,
Ҳо, меваи наврасидаи ту.
Бигзор, кашида бӯй мирам,
Садбарги тари начидаи ту!
Он рафта зи бар агар биёяд
Он рафта зи бар агар биёяд,
Ҳе, рафта ҳушам ба сар биёяд.
Ин ҷону дилу ҷигар аз ӯ бод,
Он ҷону дилу ҷигар биёяд!
Аз оҳи дилам, Худо, бисӯзад,
Эй кош, гирифта дар, биёяд.
Ҷоду бикунам ахир ӯро,
Эй, рафта ба по ба сар биёяд.
Эй кош, мисоли хоби ширин
Бар бистарам ин саҳар биёяд.
Бо ӯ шабу рӯзро надонам,
Мон, рӯзу шабам ба сар биёяд!
Эй кош, маро кушад ба як оҳ,
Чун марг маро ба сар биёяд.
Ҳе, рафтанакаш дигар намонам,
Он рафта дубора гар биёяд.
Аз хона намонамаш барояд,
Як бори дигар агар биёяд.
Дубора намонамаш кашад по,
Эй, мекушамаш ба дар биёяд!
Эй, рафтани хонаи падар бас.
Мон, дидани ӯ падар биёяд!
Оре, наравад, агар зи дунё
Момаш раваду хабар биёяд.
Ӯро, ба Худо, дигар намонам
Хуш хоб равад, агар биёяд.
Худро бикушам ба пеши пояш,
Як бори дигар агар биёяд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё