Дарахти Ватан

Дар сина ҳазор нолаи мост
Дар сина ҳазор нолаи мост,
Аз дарди ҳазорсолаи мост.
Ин духтари нағз аз кӣ бошад?
Ҳо, духтари нағзи холаи мост.
Дар пеши бар аст чанбари гул,
Дар чанбари гул ду лолаи мост.
Ин духтари хола кай бигӯяд
Ин баччаи нағзи холаи мост?!
Ӯ холаи худ намешиносад,
Кай дар ғами оҳу нолаи мост?!
Кош, аз лаби ӯ бинӯшаме май,
Ӯро майи дерсолаи мост.
Ин духтари хола ғам надорад,
Хунрез лаби пиёлаи мост.
Кай дар ғами мост холаи мо?
Бедард чӣ гуна холаи мост.
Ай духтари холамон чӣ нолем?
Ай, ришта ба дасти холаи мост.
Як бӯса аз он лабон занам, чӣ?
Як бӯса аз он лабон занам, чӣ?
Ду даст дар он миён занам, чӣ?
Як бӯса аз он лабон чӣ бошад?
Сад бӯса аз он забон занам, чӣ?
Бигзор, занам ҳазор бӯса,
Бо ҳар заданам фиғон занам, чӣ?
Бисёр маро дурӯғ гуфтӣ,
Як банд бар он даҳон занам, чӣ?
Сад бор ба ҷони ман задӣ ту,
Як бор туро ба ҷон занам, чӣ?
Ду коса аз он ду чашми мастат
Боре майи арғувон занам, чӣ?
Дар бистари ту бияфтаму сар
Як бор бар осмон занам, чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё