Дарахти Ватан

Раҳгум
Чорпо бисёр шуд, не чорагар,
Мардуми бечора шуд бечоратар.
Рафт боло нарх дар бозорҳо,
Мезанад сар чарх дар бозорҳо.
Рӯзи мо торик шуд, раҳгум задем,
Мушт бар сар бо намедонум задем.
Эй ки бар афсонаҳо шайдостӣ,
Нест пай, он сӯй нопайдостӣ...
Бедорон
Бо сари сабзи сапедорони мо
Сарбадоронанд бедорони мо.
Ноз мебояд ба сарбардорҳо,
Не ба саркорону бар сардорҳо!
Пеши Худо бинолам
Чашми чароғ кӯр аст,
Роҳи суроғ кӯр аст.
Гум кардаем ёрон,
Моему барфу борон.
Як сина оҳ дорам, –
Оҳ аз диёру ёрам.
Аз дида ашк борам,
Кай чашми хушк дорам?
Рӯ бар Худо биёрам, Баҳри диёру ёрам Пеши Худо бинолам, Аз худ ҷудо бинолам.
Вой аз ману зи ман вой,
Вой аз Ватан, Ватан, вой!
Дар дил ҳазор нола, –
Дарди ҳазорсола...
Талху ширин
Зиндагӣ гарчи басе душвор аст,
Дар дили зор ҳазор озор аст,
Оҳ, ду дидаи ман хунбор аст,
Ноумедам накун аз умр, Худо,
Орзую ҳавасам бисёр аст.
Пурбало ин раҳи ноҳамвор аст,
Пой пуробилаву хуншор аст,
Ку диле беғаму беозор аст?
Омаду рафти азизон дидӣ,
Омаду рафт ҳамин як бор аст.
Дарди дил, дарди сарам вазнин аст,
Дарди ҷону ҷигарам вазнин аст,
Сӯзиши чашми тарам аз ин аст,
Гарчи талх аст басе зиндагиям,
Орзую ҳавасам ширин аст...
Ҳайф
Шонздаҳ соли расо сина кабоб,
Шонздаҳ соли расо дида пуроб.
Шонздаҳ соли расо дар ғами ҷон,
Шонздаҳ соли расо дар ғами нон...
Шонздаҳсола шудӣ, духтари ҷон,
На гули лола шудӣ, духтари ҷон!
Дарду доғу аламу ҳасрату ғам,
Гиряву нола шудӣ, духтари ҷон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё