Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хоки Ватан

Оҳ, мардум дар таҳи борони тир,
Марг омад аз раҳи борони тир.
Шуд замин яксар балохез, эй Худо,
Кӯдакон раҳрезу порез, эй Худо.
Тир бар сар, тир дар банди камар,
Тир дар дил, тир дар банди ҷигар.
Кӯдак андар сина модар тир хӯрд,
Кӯдакаш тире ба ҷои шир хӯрд.
Мардуми афтону хезон бар замин,
Хуни дил аз дида резон бар замин,
Хешро ночор зад бар симхор,
Чок зад бар синаву сар симхор.
Мардуми сарсон ба дарё сар бизад,
Дар дами дарё зи пову пар бизад.
Ними мардумро набудӣ дасти об,
Ними мардумро бибурдӣ шасти об.
Ду бародар – ду ҷавони нозанин
Бо дили пурормони нозанин
Монда по дар хоки афғон бо фиғон,
Чун дили садчоки афғон бо фиғон,
Монда сар бар шонаи ҳам, зор-зор
Гиря мекарданд чун абри баҳор.
Тир додар хӯрд ногаҳ дар ҷигар,
Дод ҷон дар дасти фарзанди падар.
Он бародар, мурдаи додар ба дӯш,
Хештанро зад ба рӯди пурхурӯш.
То ки биспорад ба хокаш дар Ватан,
Ҳамчу ёри синачокаш дар Ватан.
Ногаҳон аз чархболе тир хӯрд,
Аз ҷигар оҳе кашиду ҷон супурд.
Ду бародар хунфишон дар ҷӯши об
Рафт мисли нолаҳо дар гӯши об...

пешина
аз 162
навбатӣ