Дарахти Ватан

Озор ҳазор дидаеме,
Ноландаи зор дар мазорем.
Ҳай селаи буз шудаст бисёр,
Гӯянд ҳамаш бузургворем.
Ёрон накунанд ёди мое,
Мо дар ғами ёру ҳам диёрем.
Морон чӣ газида ганда моро,
Бемор чунин зи неши морем.
Мардум ҳама сахт хору зоранд,
Мо низ яке аз ин шуморем.
Мо боз ҳазор қаҳрамонӣ
Аз мардуми зор интизорем.
Рафтанд аз ин Ватан саворон,
Мо гумшудагони дар ғуборем.
Рӯзе, ки бирун зи хона гаштем
Рӯзе, ки бирун зи хона гаштем,
Шуд ашк равон, равона гаштем.
Монанди кабӯтарон ба ҳар сӯ,
Оҳ, аз пайи обу дона гаштем.
Бо ростравон ба ҷон танидем,
Бо дузду ғар ошно нагаштем.
Дар дасти замонаи ғаму дард
Бозичаи кӯдакона гаштем.
Гаштем ба ҳар куҷо, дареғо,
Аз чанги ситам раҳо нагаштем.
Гаштем ба сар ҳамин раҳи ғам,
Онро, ба Худо, ба по нагаштем.
Ёрон, ҳама ҷо шуданд бемор,
Эй дӯст, магар ки мо нагаштем?
Сар бар сари якдигар гиристем,
Мурдему зи ҳам ҷудо нагаштем.
Сад хунбаи хуни мо бихӯрданд,
Мо аз пайи хунбаҳо нагаштем.
Эй кушта ба тиру теғ моро,
Мо мисли ту аз Худо нагаштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё