Дарахти Ватан

Домони Худо гирифта рафтем
Домони Худо гирифта рафтем,
Бо марг чиҳо нагуфта рафтем.
Куштанд бародарони моро,
Мо войу дареғ гуфта рафтем.
Оҳ, оташи хун аланга мезад,
Яксар ҳама даргирифта рафтем.
Рафтем ба ҳар канору гӯша,
Ҷое, ки касе нарафта, рафтем.
Ҷое, ба Худо, хушӣ надидем,
Як ҳафтаи буд нарафта, рафтем.
Ёрони азиз дар таги хок
Бо синаи чок хуфта, рафтем.
Дар боғи ҳазор сина аз тир,
Во, лолаи тар шукуфта, рафтем.
Мирон сари мардумон гирифтанд,
Мо як сари худ гирифта рафтем...
Куштӣ ту чаро чароғи моро?
Куштӣ ту чаро чароғи моро?
Ту сӯхтие димоғи моро.
Сад бор ту доғ мекунӣ, доғ
Ин синаи доғи доғи моро?
Эй, чашми ту дида ҳам натонист
Як лаҳзаяке фароғи моро.
Хашми туву оташи хазонҳо,
Эй, сӯхта чорбоғи моро!
Ин селаи рӯсиёҳ пастанд
Ин селаи рӯсиёҳ пастанд,
Дар гардани мо гуноҳ бастанд.
Карданд басе сиёҳ моро,
Худ рӯйсиё, сиёҳдастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё