Дарахти Ватан

Бигзор ба ҳоли хеш, бигзор,
Бар ҳоли маҳоли хеш бигзор!
Эй карда ситам ба ҷони ширин,
Кай хӯрдаам обу нони ширин?
Аз дасти ту шуд сафед мӯям,
Аз дасти ту гашта зард рӯям.
Хоки сари кӯча дар сари ту,
Хокистари кӯча дар сари ту!
Фарёд ба даргаҳи илоҳӣ,
Расво чу касони рӯсиёҳӣ!
Менависам, наменависам
Бо хуни ҷигар, ки менависам,
Бе хуни ҷигар наменависам.
Бо дидаи тар, ки менависам,
Бе дидаи тар наменависам.
Ҳамчун ки навишта хуш Муродӣ,
Мисли хати турна менависам.
Байту ғазали асал навиштам,
Аз шаҳду шакар наменависам.
Сад бор агар хатат навиштам,
Як бори дигар наменависам.
Охир, нанавиштаӣ ҷавобе
Як бор, вагарна менависам.
Ҳарчанд нависам аз шаби ғам,
Бе ранги саҳар наменависам.
Бозори азиз хушнавис аст,
Он гуна ба зар наменависам.
Танҳо нарасад ба ӯ тавонам,
Беҳ аз кӣ магар наменависам?
Бо нолаи зор чун ҳазорем
Бо нолаи зор чун ҳазорем,
Дил пора, ду дида ашкборем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё