Дарахти Ватан

Ҷон додаракам нигини ман буд
Ҷон додаракам нигини ман буд,
Лахти дили оташини ман буд.
Сад ҳайфи забони шаҳдрезаш,
Он кӯзаи ангубини ман буд.
Он кушта ба тири чанд хунмаст,
Во, додари нозанини ман буд.
Болои баланди нозанинаш
Шамшоди сари замини ман буд.
Эй бед, куҷост ҳамнишинат?
Ӯ додари камнишини ман буд.
Ку ошиқат, эй баҳори хушрӯ?
Ӯ додари лолачини ман буд.
Маҳтоби шикастаи лаби теғ
Як пора дили ғамини ман буд.
Онро, ки гирифт хок аз ман,
Ӯ додари нозанини ман буд.
Во, додари ҷони мо куҷо рафт?
Во, додари ҷони мо куҷо рафт?
Як ҳарф назад ба мо, чаро рафт?
Мегуфт гириста хоҳари ҷон:
Шуд абри равону бар ҳаво рафт.
Ӯ бар сари мо аз осмон зор
Бигриста басе барои мо рафт.
Пову пари мо шикаст дар хок,
Тобут ба рӯи дасти мо рафт.
Зад сина ба хоку санг хуншор,
Хун аз сари хоку санги мо рафт.
Худро, ки зи дард зад ба дарё,
Аз синаи об нолаҳо рафт.
Тире, ки гузашт аз тани ӯ,
Эй дӯст, нагӯ дигар куҷо рафт?
Он тир нишаст дар дили мо,
Ҷон аз тани дилшикастаҳо рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё