Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо пир шудем аз ғами ту,
Эй рафта ҷавон, ту дар куҷоӣ?
Моро, ба Худо, шикаст бе ту,
Во, банди миён, ту дар куҷоӣ?
Бо нолаву оҳ сӯзад, эй вой,
Бе ту дилу ҷон, ту дар куҷоӣ?
Бигрифта сари маро бинолад
Як хоҳари ҷон, ту дар куҷоӣ?
Хунат ба кафан чакида рафтӣ,
Хунам ба даҳон, ту дар куҷоӣ?
Бишкаста падар,чӣ зор нолад:
Эй баччаи ҷон, ту дар куҷоӣ?
Сар монда ба даргаҳи илоҳӣ
Фарёдзанон, ту дар куҷоӣ?
Гуфтам, ки сари баланди худро
Дар хок намон, ту дар куҷоӣ?
Армону ҳавас ба хок бурдӣ,
Хокам ба даҳон, ту дар куҷоӣ?
Мардум ҳаваси ту хӯрда гуфтанд:
Сад ҳайфи ҷавон, ту дар куҷоӣ?
Фарёди ту рафта аз пайи тир:
Оҳ, очаи ҷон, ту дар куҷоӣ?
Худро задаӣ гирифта оташ
Дар оби равон, ту дар куҷоӣ?
Мардум ҳама дод мезанад, вой
Аз дасти камон, ту дар куҷоӣ?
Эй дар сари сина чанбари гул
Аз тиру камон, ту дар куҷоӣ?
Эй, лолаи хун ба сина хандон,
Мо гашта хазон, ту дар куҷоӣ?
Эй кушта ба дасти чанд хунхор,
Хуни ту равон, ту дар куҷоӣ?
Эй хуни равони ту нарафта
Аз гарданашон, ту дар куҷоӣ?
Дар гардани ин замона хунат
Лал баста чунон, ту дар куҷоӣ?

пешина
аз 162
навбатӣ