Дарахти Ватан

ДИЛОВЕЗ
Аз дарду алам ки дар гирифтӣ
Аз дарду алам ки дар гирифтӣ,
Худро бари хоки тар гирифтӣ.
Дар хоки хунук намурд оташ,
Оташ ба дилу ҷигар гирифтӣ.
Хоки тар аз оташи дили ту
Як хирмани лола баргирифтӣ.
Ин хирмани лола дар сари хок
Чун оташи нола дар гирифтӣ.
Эй модари ҷони ҷони ширин,
Чун шеъри тарам ту дар гирифтӣ.
Бо об кушанд оташу ту
Дар оби ду дида дар гирифтӣ.
Гирён писари ту бар сари хок,
Ту хок чаро ба сар гирифтӣ?
Эй дӯст, бишин канори модар
Эй дӯст, бишин канори модар,
Ширин бишикан хумори модар.
Ширин суханаш бигӯ ҳамеша,
Аз дил биравад ғубори модар.
Аз дарду ғами ту зор гиряд
Хунин дили интизори модар.
То кай бизанад раҳи туро об
Ду дидаи ашкбори модар?
Модар чи касест? Нағз донӣ
Рӯзе, ки шавӣ ту зори модар.
Ку модари нозанини ман, ку?
Ду чашми ману мазори модар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё