Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худоё, вой, войи бенаво мардум:
Ба саҳро мезанад раҳгум!
Аз ин роҳаш раҳоӣ нест,
Ба хешаш ошноӣ нест!

Намебинед оё хонаҳои бесаробонаш,
Намебинед оё хории хонахаробонаш?
Намебинед сарҳоро фурӯ дар кунҷи ғор ин ҷо,
Дигар андеша мебандад мағор ин ҷо!

Шумо дар сояи ғафси чаноронед,
Ки дар пушти шумо рустанд!
Дигар аз пуштдоронед!
Ба ин сад ранг бенангӣ
Шумо нанги ҳазоронед!

Ало, эй тӯдаи пурпӯст,
Магар одам чунин берӯст?!

Ҳама хирсед, масти ангубин ҳастед,
Басе чарбу чунин бастед!

Чӣ менозед аз водии доғед?
Дарахтонро дар ин ҷо мехӯрад мӯру
Шумо дар шохи боло селаи зоғед!

Гумон доред бемаргед?
Шумо як сози бебаргед!
Шумо созӣ надоред,
Ба ин мардум ҳамовозӣ надоред!
Шумо бо ин ҳама дороии худ сахт нодоред,
Шумо моред,
Беморед!

Сарбозӣ

Биё, маҷлис биёроем,
Ба пои аҳли минбар
Фитода зору сар соем.
Ба хорию ба зорӣ ашк борем,
Аз ин пас дар ҳазорон сол
Сари ороиши доре надорем.
Биёву гӯшро аз ҳар чи пур созем,
Ба пои ҳарзапардозони беинсоф сар бозем!

Чӣ сар дорем?
Кирми ҳарза бас хӯрдаст мағзашро
Мисоли себи хубонӣ,
Саре тосида монанди анори Регар, о дӯст,
Анори Регари мо мушти доруст!

Биё сайри биёбонҳои пурлос,
Биё аз пушти уштур ё хари барлос,
Бимон, то боди бадбӯйи биёбонӣ
Вазад шуввас,
Ҳамеша гӯшҳои мо занад ҳуввас!

Куҷо нанги Ватандорӣ,
Куҷо ҳанги Ватандорӣ,
Куҷо ранги Ватандорӣ?!

Ба ҷои мо
Барои мо
Хитойӣ роҳ месозад,
Ки он сӯяш расад бар пойи гӯристон,
Сари мову хаёли масти ҳуристон!

пешина
аз 162
навбатӣ