Дарахти Ватан

Бошӣ, падарам, ҳамеша бошӣ
Бошӣ, падарам, ҳамеша бошӣ,
Хандон ба барам ҳамеша бошӣ.
Дар сояи давлатат нишинам,
Дастат ба сарам ҳамеша бошӣ.
Аз рӯи хушат намешавам сер,
Хушрӯ нигарам, ҳамеша бошӣ.
Ку модари ҷони меҳрубонам?
Бин чашми тарам, ҳамеша бошӣ.
Аз ҳар сухани ту мехӯрад об
Ҷону ҷигарам, ҳамеша бошӣ.
Ҳар ҷо, ки равам, дуои некат
Бошад ба барам, ҳамеша бошӣ.
Бо номи ту мекашам қалам хуш,
Дар шеъри тарам ҳамеша бошӣ.
Ғамҳои маро чӣ мехӯрӣ ту?
Ғамҳота хӯрам, ҳамеша бошӣ.
Ҳастӣ, ки чунин ҳамеша сахт аст
Банди камарам, ҳамеша бошӣ.
Бо ёду хаёли ту равонам,
Ту ҳамсафарам ҳамеша бошӣ.
Аз хона баромадам пайи кор,
Чашмат ба дарам ҳамеша бошӣ.
Дорад нигаҳат Худои ширин,
Бошӣ, падарам, ҳамеша бошӣ...
Фарзанди падар, ту дар куҷоӣ?
Фарзанди падар, ту дар куҷоӣ?
Эй ҷону ҷигар, ту дар куҷоӣ?
Фарёдзанон ба чор сӯям
Бо дидаи тар, ту дар куҷоӣ?
Ин гарданаки баланд бо ту
Бишкаста дигар, ту дар куҷоӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё