Дарахти Ватан

Як бор нагуфтам ба касе хобамро,
Гуфтам ба ҳамон об басе хобамро.
Дар сояи бедҳои он симбарон
Афшонда чу моҳи осмон сим бар он.
Он оби равон чӣ сангҳоро суфта,
Ҳайф аст бувад сухан маро носуфта.
Он оби равон шеъри маро кард равон,
Болида маро ба тан аз ин дард равон.
Як боғи баланди хушҳаво буд варо,
Дил булбулу кабки хушнаво буд варо.
Аз бӯи гули тараш димоғам равшан,
Аз чаҳ-чаҳи булбулон чу боғам равшан.
Дар хӯшаи ангур ки мезад афтоб,
Мехост бар он хӯша авезад афтоб.
Аз ёд маро боғи базебаш наравад,
Боғе! Зи даҳан маззаи себаш наравад!
Бар сабзаи бардамида мебурдам даст,
Бар шохаи сархамида мебурдам даст.
Аз сабзаи бардамида шабнам мерехт,
Аз шохаи сархамида шабнам мерехт.
Гуфтанд басе агар ки бас! Мехондам,
Бо тутиву бо кабки қафас мехондам.
Пеш аз ҳама будам, ба ҳавас мехондам,
Ҳарчанд ки дар партаи пас мехондам.
Як раста сафедори баландаш дар ёд,
Як даста нигори дилписандаш дар ёд...
Тарсе, ки яке чашм кунандаш, дар ёд...
Имрӯз расидаст газандаш, фарёд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё