Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Най нола мезанад, вой, вой, ин рубоб нолад,
Ин чанг чанги гесӯст, бо печу тоб нолад.
Ҳо, дӯст, боз, боз о, оҳ, аз раҳи дароз о,
Нохун бикун дутору зан чангу най навозо!...

Ҳо духтарони хушрӯ

Ширин ба гӯшам омад аз дурҳо тарона,
Ширин навозишам кард овози духтарона.

Кардам ба бомҳо ёд овози духтаронро,
Бозиву парзанию парвози кафтаронро.

Ҳо духтарони хушрӯ, ҳо духтарони хушмӯ,
Мисли шумо надидам абрӯпарони хушрӯ.

Ҳо духтарони ҳушбар, ҳо кафтарони хушпар,
Мисли шумо надидам пар-парзанони хушрӯ.

Сайёди ман шуморо боре агар назад ҳу,
Аз боматон паронда кафтарпарони бадхӯ.

Сайёди ман агарчи бар боматон назад ҳушт,
Кафтарпарони бадхӯ бар доматон бизад кушт.

Чашми сиёҳатонро то сурма мекашам,оҳ,
Мастона бодаҳоро бо хурма мекашам, оҳ.

Ёде аз мактаби деҳ

Як рӯди хушово ба бари мактаби мо,
Буд мисли суруди Рӯдакӣ бар лаби мо.
Савганд, ки Ҷӯи Мӯлиён буд маро,
Сероб зи чашми лӯлиён буд маро.

Он об, ки шуд ғазалсарои дили ман,
Омӯ, ба Худо, буд барои дили ман.
Дидам, ки ба дил басе навоҳост маро,
Гуфтам, ки Кабутиён Бухорост маро.

пешина
аз 162
навбатӣ